Чигуна худ ва ғарқшавандаро дар об эмин нигоҳ дошт

Обуна шудан
Истифодаи дурусти ҳаво ва об ба обутоби ҷисмонӣ ва таҳкими саломатии инсон оварда мерасонад. Тасвирбаёни мо ба шумо чанд қавонини оббозиро ироа мекунад, ки дар сурати риояи он метавонед роҳат шиноварӣ намуда, ҳамзамон ҷони худро аз хатар эмин доред

Бо фаро расидани фасли гармо, мавсими шиноварӣ низ шурӯъ мешавад. Чун дамои ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр тоқатфарсо аст, сокинон роҳи наҷотро дар шиноварӣ ва ё оббозӣ мебинанд. Зеро истифодаи дурусти ҳаво ва об ба  обутоби ҷисмонӣ ва таҳкими саломатии инсон оварда мерасонад.

Мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон фаро расид

Вале на ҳама вақт натиҷаи шиноварии шаҳрвандон ба хубӣ анҷом меёбад. Хабару гузоришҳо дар  мавриди ғарқшавии одамон дар ҳавзу рӯдхонаҳо қариб ҳар рӯз дар сархати расонаҳо ҷилва мезанад.

Дар аксар мавридҳо сабаби чунин ҳодисаҳои нохушро намояндагони марбута аз беэҳтиётии шаҳрандон ва ё хуб сарфаҳм нарафтан ба нозукиҳои шиноварӣ рабт медиҳанд.

Марҳамат ба шиноварӣ: Аҳмадзода се шиногоҳи Хуҷандро бозсозӣ кард

Кормандони Кумитаи Ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ҳар сол баъди кушода эълон намудани мавсими шиноварӣ аз шаҳрвандон даъват ба амал меоранд,то аснои шиноварӣ дар ҳавзу кӯлҳо  эҳтиёткор бошанд, ва кӯдакону ноболиғонро даме ҳам бе назорати калонсолон нагузоранд.

Бояд  танҳо дар ҷойҳои барои шиноварӣ мумкин буда, оббозӣ кард. Инчунин вақти шиноварӣ дар наздикӣ бояд мардум ҳузур дошта бошад.

Дар соҳилҳои бонишеб ва алафзор шиноварӣ кардан манъ аст. Дар фазои тӯфонӣ ва ё мавҷҳои сахт низ  шиноварӣ кардан мумкин нест. Агар машрубот истеъмол намудед, ба ҳеҷ ваҷҳ дохили об надароед.

Агар вориди об шудед, талош макунед, ки зидди маҷро шиноварӣ кунед. Бояд ба самти маҷро шиноварӣ карда тадриҷан ба соҳил наздик шавед.

Бо яхмосу оббозӣ: чигуна метавон ҳавои гарми тоқатфарсоро паси сар кард

Бо нафари ғарқшаванда наздик шудан хатарнок аст: одам аз тарс метавонад шахси ёрирасонро аз паси худ бикашад. Аз ин ру ба ғарқшаванда иҷозат бидиҳед то шуморо сахт бидорад.

Бар асоси рақамҳои оморӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ 140 нафар ғарқ шуданд, ки аз ин миён 27 нафари онҳо кӯдакони то даҳсола ва 23 танашон то ҳабдаҳсола мебошанд.

 

Лентаи хабарҳо
0