Шаҳрвандони кадом кишварҳо бештар аз Русия РВП дарёфт кардаанд?

Обуна шудан
Украина аз рӯи шумораи гирифтани иҷозатномаҳои иқомати муваққат дар Русия аввал аст. Соли гузашта шаҳрвандони кишвар 96 ҳазору 612 РВП ба даст овардаанд. Дар ин рӯйхат Қазоқистон дуввум аст, ки 45 ҳазору 317 шаҳрванди кишвар дар соли 2017 соҳиби иҷозатномаи иқомати муваққатӣ шудаанд

Дар 5-гонаи кишварҳое, ки шаҳрвандони он дар Русия бештар РВП ба даст овардаанд, Тоҷикистон ҷойи севвумро гирифтааст. Тоҷикистониён дар Русия дар соли 2017 40 ҳазору 887 иҷозатномаи муваққатӣ ба даст овардаанд.

Иҷозанома барои иқомати муваққат дар Русия ба мӯҳлати се сол дода мешавад, ки пас аз итмоми он нафари дархосткунанда ҳаққи талаб кардани иҷозаномаи иқоматии доимиро доранд.

Барои маълумоти бештаре ёфтан дар бораи РВР ва имтиёзҳое, ки он медиҳад, ба тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон нигаред.

Лентаи хабарҳо
0