Кӣ доротар: баландтарин ва пасттарин музди кор дар ҶТ

Обуна шудан
Радабандии пурраи музди корро дар Тоҷикистон, дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед

Баландтарин музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон — дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо аст. Кормандони ин соҳа 2,2 ҳазор сомонӣ ва дар сохтмон бошад, каме бештар аз 2 ҳазор сомонӣ музд мегиранд.

Сипас соҳаҳои нерӯи барқ ва таъмини об меоянд. Коркунони ин соҳа 1,6 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Музди миёнаи меҳнат дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон моҳи феврали соли равон тақрибан 1,5 ҳазор сомониро ташкил дода буд, ки дар нисбати соли гузашта 8,9% зиёд шудааст.

Дар бахши хизматрасонии Тоҷикистон музди аз ҳама баландро коркунони миёнаравии молиявӣ — 3 ҳазор сомонӣ, нақлиёт, хоҷагии анбор ва иртибот — тақрибан 2 ҳазор сомонӣ, дар муомила бо амволи ғайриманқул, иҷора ва фаъолиятҳои тиҷоратӣ — камтар аз 1,5 ҳазор сомонӣ дарёфт мекунанд.

Умуман маоши миёнаи моҳона дар бахши хизматрасонӣ моҳи феврали соли 2018-ум 1 ҳазор сомониро ташкил дода буд, ки нишондод нисбат ба соли гузашта 2,2% афзудааст.

Лентаи хабарҳо
0