10:27 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Тасвирбаён

Барои гусели кӯдак ба мактаб дар Тоҷикистон чанд пул масраф мешавад?

Гирифтани линки кӯтоҳ
307 0 0
Барои равон кардани талаба ба мактаб чи қадар маблағ лозим аст
© Sputnik / Асылбек уулу Данияр

Якуми сентябр – оғози соли хониш, наздик шуд. Мактаббачаҳо баъди истироҳати тобистона, боз барои рафтан ба мактаб омодагӣ мебинанд. Sputnik Тоҷикистон масрафи як талабаро барои мактаб ҳисоб кард

Ягон талаба бидуни навиштафзорҳову кулбор наметавонад ба мактаб биравад. Ҳар як мактаббача барои харидории навиштафзорҳо тақрибан 100 сомонӣ масраф мекунад. Арзиши кулбори сифати миёна низ 100 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин, 1 сентябр волидайн барои муаллимаи фарзанд як гулдаста мехаранд, ки арзишаш тақрибан 25 сомонӣ мебошад.
Масрафи духтарон барои мактаб бештар аз бачаҳост. Ба ғайр аз шалвору курта духтар бояд сарафан (265 сомонӣ), доман (80 сомонӣ), блузка (57 сомонӣ) ва кафш (85 сомонӣ) низ бихарад.

Барои бачаҳо кафш (85 сомонӣ), кафши варзишӣ (80 сомонӣ), шалвор (100 сомонӣ), курта (57 сомонӣ), пиҷак (165 сомонӣ) ва ҷуроб (3 сомонӣ) лозим аст.

Дар Душанбе лавозимоти мактабиро метавон аз бозори Меҳргон харид кард, ки дар он намоишгоҳи мактабӣ аллакай оғоз шудааст.

Аммо ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сифати сарулибоси мактабие, ки дар корхонаҳои пойтахт истеҳсол мешаванд, интиқод кард.

Раисҷумҳур таъкид кард, ки волидайни хонандагон аз сифат ва тарҳи дӯхти либосҳои мактабӣ қаноатманд нестанд ва бо ин сабаб қисми зиёди либосҳо дар анборҳо боқӣ мондааст. 

Барчаспҳо:
масраф, Соли нави хониш, сентябр, мактаб, волидайн, сомонӣ, маблағ, Русия, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Тасвирбаёни бештар

  • Қоидаи интихоби тарбузи ширин
    Таҷдиди ахир: 16:37 21.06.2019
    16:37 21.06.2019

    Чӣ тавр тарбузи ширинро интихоб бояд кард?

    Агар мехоҳед аз бозору мағоза тарбузи ширинро интихоб кунед, пас аз тасвирбаёни мо истифода бубаред

    696
  • Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
    Таҷдиди ахир: 19:52 14.06.2019
    19:52 14.06.2019

    Маълумот дар бораи саммити МҲТБО дар Душанбе

    Барои иштирок дар саммити Душанбе роҳбарони 11 кишвар – Руссия, Тоҷикистон, Чин, Эрон, Озорбойҷон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия, Бангладеш ва Шри-Ланка тайи ду рӯз меҳмони Тоҷикистон мешаванд

    339
  • Кӯчаҳои марказии Душанбе баста мешаванд
    Таҷдиди ахир: 14:09 07.06.2019
    14:09 07.06.2019

    Амнияти президентҳо: куҷои Душанберо мебанданд?

    Душанбе рӯзҳои 14-15 июн мизбони роҳбарони 27 кишвар мешавад. Дар Тоҷикистон Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор мегардад

    694
  • Иди Рамазон
    Таҷдиди ахир: 17:48 04.06.2019
    17:48 04.06.2019

    Иди Рамазон — ҷашни некӯӣ ва накӯкорӣ

    Иди Рамазон — яке аз ҷашнҳои бузургтарини мусулмонони ҷаҳон ва мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ҷашн дар охири моҳи шарифи Рамазон таҷлил шуда, рӯзи бахшидани гуноҳҳои якдигар, некию накӯкорӣ дониста мешавад.

    311

Мавзӯъҳои асосӣ