02:55 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Тасвирбаён

Нақшаи роҳбандӣ барои амнияти ҳаракати президентҳо дар Душанбе

Гирифтани линки кӯтоҳ
22120
© Sputnik / Асылбек уулу Данияр

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кардааст, ки барои таъмини амнияти ҳаракати роҳбарони давлатҳои ИДМ, ки ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил омадаанд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахти кишвар маҳдуд хоҳад шуд

Тибқи иттилои шуъбаи Бозрасии автомобилӣ дар Душанбе маҳдудияти ҳаракат аз соати 09:00-и 27-уми сентябр оғоз мегардад.

“Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 27 ва 28-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аз соати 09:00 то анҷоми чорабинии мазкур ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, С. Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Низоми Ганҷавӣ, Н. Ҳувайдуллоев, Карамов, Алишер Навоӣ то даромадгрҳи шаҳри Турсунзода ва аз кӯчаи С. Айнӣ то шаҳри Норак маҳдуд карда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи ВКД.

Вазорати умури дохилӣ аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯзҳо аз истифодаи  воситаҳои нақлиёти шахсиашон худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз кӯчаҳои ҳамшафати онҳо бо риояи талаботи “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” истифода баранд.

Ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе 27-28-уми сентябр баргузор мегардад. Қарор аст, бархе аз роҳбарони давлатҳо, ба хусус Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ва Александр Лукашенко, роҳбари Белорус аз шаҳри Турсунзода ва Норак дидан кунанд.

Барчаспҳо:
президент, Президент, сарон, ИДМ, Душанбе, роҳбандӣ

Тасвирбаёни бештар

  • Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
    Таҷдиди ахир: 13:33 16.10.2019
    13:33 16.10.2019

    ҶШС Тоҷикистон – давраи ҳасосе дар таърихи миллати тоҷик

    Расо 90 сол пеш 16 октябри соли 1929 кишвари наве дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ бо номи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил дода шуд

    599
  • Свадьба по закону: правила в Узбекистане и Таджикистане
    Таҷдиди ахир: 16:59 24.09.2019
    16:59 24.09.2019

    Маросими арӯсӣ дар Тоҷикистон ва Узбакистон чигуна мегузарад?

    Дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор гардидани тӯйи арӯсиву домодӣ, ҳатман бояд дар чаҳорчӯби расму русум ва анъанаҳои хоси ҳар кадом давлат доир гардад. Тасвирбаёни мо аз шабоҳат ва тафовути маросими издивоҷи навхонадорони тоҷику узбак маълумот медиҳад

    425
  • Қоидаи интихоби тарбузи ширин
    Таҷдиди ахир: 16:37 21.06.2019
    16:37 21.06.2019

    Чӣ тавр тарбузи ширинро интихоб бояд кард?

    Агар мехоҳед аз бозору мағоза тарбузи ширинро интихоб кунед, пас аз тасвирбаёни мо истифода бубаред

    1095
  • Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
    Таҷдиди ахир: 19:52 14.06.2019
    19:52 14.06.2019

    Маълумот дар бораи саммити МҲТБО дар Душанбе

    Барои иштирок дар саммити Душанбе роҳбарони 11 кишвар – Руссия, Тоҷикистон, Чин, Эрон, Озорбойҷон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия, Бангладеш ва Шри-Ланка тайи ду рӯз меҳмони Тоҷикистон мешаванд

    392

Мавзӯъҳои асосӣ