07:52 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Натиҷаҳои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 16 апрел бо сафари расмӣ вориди Русия шуд ва бо Владимир Путин мулоқот кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 16 апрел бо сафари расмӣ вориди Русия шуд ва бо Владимир Путин мулоқот кард.

Зимни сафари расмӣ раисҷумҳури Тоҷикистон бо Дмитрий Медведев, сарвазири Русия низ мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони диаспораи тоҷикони Маскав мулоқт кард

Дар ҳошияи сафари Эмоалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Маскав Ҳафтумин конфронси байниминтақавии Тоҷикистону Русия баргузор шуд. Зимни конфронс доираҳои тиҷоратиии ду кишвар масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд.

Дар ҳошияи конфронс як чанд соззишнома ба имзо расид.

  • Созишнома дар бораи ҳамкориҳо миёни ҷамъияти саҳҳомии "Российский экспортный центр" ва Ожонсии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон
  • Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдои Тоҷикистон ва Палатаи савдои вилояти Ростов ва Иттиҳодияи “Палатаи савдои Одинтсово”
  • Ёддошти дар бораи ҳамкории ҶДММ "ВЭБ Инжиниринг" ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон
  • Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ва Ҳукумати вилояти Нижегородски Русия дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарӣ;
  • Созишномаи ҳамкории КВД “Ширкати Аллюминии тоҷик” ва Бонки ВТБ;

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия қабл аз оғози гуфтушуниди расмӣ давоми як соат мулоқоти хоса доштаанд. Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаи амният, савдо, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш ба имзо расид.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои русаш Владимир Путинро ба Тоҷикистон хонд.

“Бо истифода аз фурсат, бо камоли хушнудӣ аз Владимир Владимирович даъват ба амал овардам, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд”, - гуфт Раҳмон ҳангоми баромадаш дар шаҳри Маскав.

Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар соли гузашта 893,9 млн. долларро ташкил медиҳад.

Интиқоли  пули муҳоҷирон  аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта 2,6 млрд.  долларро ташкил додааст.

Дар 10 соли ахир ҳаҷми сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 1,7 млрд. долларро ташкил дододааст. Аз ҷумла Сармояи мустақим аз Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 930 млн. долларро ташкил додааст.   

Имрӯз дар Тоҷикистон бо сармоягузории Русия 149 корхона фаъолият доранд. 40 корхона бевосита ба Русия тааллиқ дорад, 109 корхонаи дигар муштарак мебошанд.

Барчаспҳо:
натиҷа, мулоқот, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, ҳамкорӣ, Русия, Тоҷикистон

Тасвирбаёни бештар

  • Другая сторона фронта
    Таҷдиди ахир: 09:51 09.05.2020
    09:51 09.05.2020

    Тарафи дигари фронт

    Бар тибқи маълумотҳои бойгонӣ, сар аз соли 1941 то 1945 аз Тоҷикитони Шӯравӣ ҳудуди 300 000 нафар ба фронт сафарбар шуданд, ки аз ин миён 100 000 нафар беному нишон шуданд

    223
  • Рамазон 2020 дар Тоҷикистон: тақвими рӯзадорӣ
    Таҷдиди ахир: 22:30 07.05.2020
    22:30 07.05.2020

    Рамазон - 2020 дар Тоҷикистон: тақвим аз аввал то охир

    Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб аст. Дар давоми тамоми моҳ, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ дурӣ ҷӯяд

    2054
  • Дар Тоҷикистон чанд  собиқадорӣ Ҷанги Бузурги  Ватани зиндагӣ мекунад
    Таҷдиди ахир: 15:10 07.05.2020
    15:10 07.05.2020

    Дар Тоҷикистон чанд куҳансарбоз Рӯзи Ғалабаро таҷлил мекунанд

    Рӯзи 9 май аз Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватан 75 сол сипарӣ мешавад. Дар Тоҷикистон дар ин рӯзҳо чанд куҳансарбоз Рӯзи Ғалабаро таҷлил мекунанд дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон инъикос ёфтааст

    376
  • Муҳоҷирони меҳнатӣ дар худҷудоӣ
    Таҷдиди ахир: 21:30 13.04.2020
    21:30 13.04.2020

    Таъсири коронавирус ба шуғлу пули муҳоҷирон

    Таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон рӯзафзун буда, дар шароити шиддати худҷудоӣ муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия беш аз пеш осебпазир шудаанд

    675

Мавзӯъҳои асосӣ