07:07 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Тасвирбаён

Ёде аз шоир, донишманд ва чеҳраи сиёсии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода

Гирифтани линки кӯтоҳ
27130
Шоири халқии Тоҷикистон Зиндагиномаи Мирзо Турсунзода
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу

Мирзо Турсунзода шахсияте буд, ки аз ибтидои солҳои сиюми қарни бистум ба арсаи адабиёт ворид гардид

Имрӯз ба зодрӯзи арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, собиқ раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва тарҷумон, шоири шаҳир, устод Мирзо Турсунзода  108 сол пур мешавад.

Мирзо Турсунзода дар соли 1911 дар рустои Қаротоғи ноҳияи Ҳисор чашм ба олам кушода пас аз фавти модар дар парваришгоҳ тарбият гирифт ва таҳсил кард.

Оқои Турсунзода аввал донишкадаи омӯзгорӣ ва сипас, дар солҳои 1927 ио 1931 дар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд омӯзиш дидааст.

Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба унвони корманди адабӣ фаъолият кардааст.

Нахустин китоби Мирзо Турсунзода дар соли 1932 бо номи “Байрақи зафар” мунташир гардид, ки аз ду-се шеър ва чанд ҳикоя дар бораи комсомол, бунёди сусиёлисм, даъват ба таҳсил ва мубориза алайҳи "босмачигарӣ", буд.

Мирзо Турсунзода муаллифи осори назарписанде чун “Қиссаи Ҳиндустон”, “Ҳасани аробакаш”, “Духтари муқаддас”, “Садои Осиё”, “Чароғи абадӣ”, “Ҷони ширин” ва “Аз Ганг то Кремл” буда ва барои китоби “Садои Осиё” дар соли 1960 ҷоизаи Ленини Иттиҳоди Шӯравӣ ва барои китоби “Ҷони ширин” ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро дарёфт карда буд.

Ҳамчунин, ӯ дром ва филномаҳои зиёде навиштааст, ки “Шӯриши Восеъ”, “Тоҳир ва Зӯҳро”, “Арӯс”, “Писари Ватан”, “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Ҳасани аробакаш” ва “Аз Ганг то Кремл” аз ҷумлаи ин осори ӯст.

Зимнан, дар соли 1967 бо Фармони раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Мирзо Турсунзода унвони “Қаҳрамони меҳнати сусиолистӣ” ва дар замони касби истиқлоли Тоҷикистон “Қаҳрамони Тоҷикистон” эъто шуд.

Барчаспҳо:
зодрӯз, ёдбуд, Шоира, Мирзо Турсунзода, Тоҷикистон

Тасвирбаёни бештар

  • Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
    Таҷдиди ахир: 13:33 16.10.2019
    13:33 16.10.2019

    ҶШС Тоҷикистон – давраи ҳасосе дар таърихи миллати тоҷик

    Расо 90 сол пеш 16 октябри соли 1929 кишвари наве дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ бо номи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил дода шуд

    627
  • Свадьба по закону: правила в Узбекистане и Таджикистане
    Таҷдиди ахир: 16:59 24.09.2019
    16:59 24.09.2019

    Маросими арӯсӣ дар Тоҷикистон ва Узбакистон чигуна мегузарад?

    Дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор гардидани тӯйи арӯсиву домодӣ, ҳатман бояд дар чаҳорчӯби расму русум ва анъанаҳои хоси ҳар кадом давлат доир гардад. Тасвирбаёни мо аз шабоҳат ва тафовути маросими издивоҷи навхонадорони тоҷику узбак маълумот медиҳад

    426
  • Қоидаи интихоби тарбузи ширин
    Таҷдиди ахир: 16:37 21.06.2019
    16:37 21.06.2019

    Чӣ тавр тарбузи ширинро интихоб бояд кард?

    Агар мехоҳед аз бозору мағоза тарбузи ширинро интихоб кунед, пас аз тасвирбаёни мо истифода бубаред

    1095
  • Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
    Таҷдиди ахир: 19:52 14.06.2019
    19:52 14.06.2019

    Маълумот дар бораи саммити МҲТБО дар Душанбе

    Барои иштирок дар саммити Душанбе роҳбарони 11 кишвар – Руссия, Тоҷикистон, Чин, Эрон, Озорбойҷон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия, Бангладеш ва Шри-Ланка тайи ду рӯз меҳмони Тоҷикистон мешаванд

    396

Мавзӯъҳои асосӣ