Аз даромад то каср: буҷети шаҳрвандӣ барои соли 2020

Обуна шудан
Дар моҳи ноябри соли 2019 вакилони парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022-ро қабул намуданд

Вазорати молия дар доираи лоиҳаи “Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар идоракунии молияи давлатӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дар якҷоягӣ бо коршиносони лоиҳаи мазкур варианти содакардашудаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020”  бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия кард.

Лоиҳаи мазкур дар сомонаи расмии Вазорати молияи Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст.

Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Тасдиқи буҷаи ояндаи Душанбе ва дастури шаҳрдор барои иҷрои бечунучаро

Дар парлумони кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи буҷаи давлатӣ барои соли оянда иттилоъ дод, ки  ҳаҷми умумии даромади буҷа дар соли 2020 ба маблағи 26 миллиарду 54 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидаст, ки ба 29,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 26 миллиарду 403,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 30,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Дурнамои нишондиҳандаҳои буҷаи давлатӣ барои солҳои 2021-2022 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2020 буда, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ соли 2021-ум 28 млрд. 635,6 млн. сомонӣ ва соли 2022-ум 30 млрд. 983,1 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки мутаносибан ба 29,2 ва 28,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  баробар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0