10:54 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Тасвирбаён

Сайёҳони кадом кишвар бештар ба Тоҷикистон меоянд?

Гирифтани линки кӯтоҳ
351 0 0
Дар соли 2019 чанд сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овард
© Sputnik

Дар соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион сайёҳи хориҷӣ сафар кардааст. Бештар аз ҳама дар соли гузашта аз Тоҷикистон сайёҳони Узбакистон, Русия ва Қирғизистон боздид намудаанд

Дар соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ворид шуданд ва беш аз як миллион нафар аз ин шумор ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ ворид шудаааст.

Нисбат ба соли 2018 ин арқом беш аз 20 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бештар ба Тоҷикистон шаҳрвандони Узбакистон саёҳат кардаанд. Аз ин кишвар дар соли гузашта беш аз 850 ҳазор нафар ворид шудааст. Дар ҷои дувум Русия қарор дорад. Ҳамзамон нисбат ба соли 2018 саёҳати шаҳрвандони Қирғизистон ба Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки муҳлати амали визаҳои Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ зиёд карда шуд.

Акнун шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар қаламрави Тоҷикистон метавонанд то 60 рӯз бимонанд. Қаблан шаҳрвандони хориҷӣ имкон доштанд то 45 рӯз бимонанд.

Ёдрас мешавем, ки пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумони кишвар таъкид карда буд, ки ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ бояд сатҳи хизматрасониро барои сайёҳони хориҷӣ беҳтар намоянд.

Барчаспҳо:
боздид, Қирғизистон, Узбакистон, кишвар, сайёҳӣ, сайёҳ, Тоҷикистон

Тасвирбаёни бештар

  • Кадом ҷаримаҳо паҳнкунандагони коронавирусро дар Тоҷикистон таҳдид мекунанд
    Таҷдиди ахир: 21:10 09.07.2020
    21:10 09.07.2020

    Паҳнсозони COVID–19 дар Тоҷикистон чӣ ҷазо мегиранд?

    Тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ мекунанд

    283
  • Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи июн
    Таҷдиди ахир: 20:27 02.07.2020
    20:27 02.07.2020

    Омори сирояту шифоёбӣ аз COVID - 19 дар моҳи июн

    Омори гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавируси навъи COVID - 19 дар моҳи июнро аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед

    493
  • Кӯмак ҳангоми пандемия кадом имтиёзҳо ба аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст
    Таҷдиди ахир: 22:00 10.06.2020
    22:00 10.06.2020

    Даври короно дар Тоҷикистон: кӣ чӣ сабукӣ мегирад?

    Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон барои ҳифзи бахшҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар марҳилаи пандемияи коронавирус бархе имтиёзҳоро ироа кард

    651
  • Другая сторона фронта
    Таҷдиди ахир: 09:51 09.05.2020
    09:51 09.05.2020

    Тарафи дигари фронт

    Бар тибқи маълумотҳои бойгонӣ, сар аз соли 1941 то 1945 аз Тоҷикитони Шӯравӣ ҳудуди 300 000 нафар ба фронт сафарбар шуданд, ки аз ин миён 100 000 нафар беному нишон шуданд

    241

Мавзӯъҳои асосӣ