Даври короно дар Тоҷикистон: кӣ чӣ сабукӣ мегирад?

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон барои ҳифзи бахшҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар марҳилаи пандемияи коронавирус бархе имтиёзҳоро ироа кард

Тибқи фармон, Ҳукумат муваззаф шуд,  барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд.

Нигоҳубини ройгони гирифторони СOVID-19, пардохти кумакпулии яквақтаина дар ҳаҷми як музди меҳнати ҳадди ақал ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, иловапулӣ ба табибон,  боло набурдани нархи неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ то охири соли 2020, пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ аз бандҳои дигари ин фармон мебошанд.

Инчунин Ҳукумат дастур гирифт,  аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд.

Аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озоданд. Ааз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, чораҳои ҷавобгарии андозӣ татбиқ намегарданд.

Аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод мебошанд.

Раисиҷумҳур инчунин дастур дод, ки  нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишворӣ дар кишвар танзим карда шавад.

Инчунин таъкид шудаст, ки масъулин барои таъмини фаъолияти фосилавии мақомоти давлатӣ раванди татбиқи ташаккули ҳукумати электрониро ҷоннок намоянду барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба мусоидат кунанд.

Ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё ба кори кироя машғул мебошанд, дар сурати мавҷуд набудани хатари эпидемиологӣ ҳангоми ворид шудани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводид ва иҷозат барои кор ва бақайдгирӣ дар мақомоти дахлдор таъмин карда шавад.

То ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро тамдид карда, таҳримҳоро барои риоя нагардидани талаботи қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нагарданд.

 Бонки миллии Тоҷикистон муваззаф шудаст, барои татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки уҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои муҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҷӯӣ намояд.

Лентаи хабарҳо
0