12:30 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Тасвирбаён

Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980

Гирифтани линки кӯтоҳ
391 0 0
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ – 1980 дар Маскав
© Sputnik /

Тоҷикистони Шӯравиро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав ҳамагӣ ду варзишкор намояндагӣ карданд, вале бо қаҳрамонии худ ин кишварро ба тамоми дунё муаррифӣ карданд

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав аз 19 июл то 3 август баргузор шуд. Ин нахустин олимпида дар қаламрави Урупои Шарқӣ буд. 

Макони асосии баргузории мусобиқаҳо шаҳри Маскав буд. Вале бархе аз рақобатҳо дар Таллин, Киев, Ленинград ва Минск низ гузаронида шуданд.

Ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 - 5179 варзишкор аз 80 давлати ҷаҳон омада буданд.

Мунтахаби Иттиҳоди Шӯравиро дар Олимпиадаи соли 80-ум 514 варзишкор намояндагӣ мекарданд. Тоҷикистони Шӯравиро дар Олимпиада ду варзишкор — Юрий Лобанов ва Анатолий Старостин муаррифӣ карданд.

Гарчанде аз Тоҷикистон танҳо ду варзишкор дар олимпиада ширкат карда бошанд ҳам, онҳо тавонистанд, бо қаҳрамонии худ Тоҷикистонро ба тамоми дунё муаррифӣ кунанд.

Ҳамин тавр, Юрий Лобанов нахустин қаҳрамони олимпии Тоҷикистон шуд. 

Ҷаҳониён ин варзишкорро то ин дам аллакай мешинохтанд. Вай дар Бозиҳои олимпии тобистонии соли 1972 дар Олмон ҳамроҳ бо Владас Чеснюкас дар мусобиқоти қоиқронии дукаса бо каное дар 1000 метр медоли тилло ба даст оварда буд. Вай аз Бозиҳои олимпики соли 1980 дар Маскав дар ҳамин варзиш ҳамроҳ бо Василий Юрченко медоли биринҷӣ овард.

Юрий Лобанов дар мусобиқоти қоиқронии дукаса бо каноэ 10 бор қаҳрамони ҷаҳон — 1973 (10 000 м), 1974 (500 м, 1 000 м ва 10 000 м), 1975 (500 м ва 10 000 м), 1977 (1 000 м ва 10 000 м), 1979 (1 000 м ва 10 000 м), ду бор — 1971 (500 м) ва 1973 (1 000 м) — барандаи медоли нуқра ва се бор — 1977 (500 м) ва 1978 (1 000 м) — барандаи медоли биринҷӣ шудааст.

Вай дар солҳои 1972 — 1977 борҳо қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дар мусобиқоти гуногун шуда буд. Давлати Шуравӣ ӯро барои дастовардҳояш дар риштаи варзиш бо "Нишони Ифтихор" ва нишони "Барои густариши варзишу тарбияи баданӣ" қадрдонӣ карда буд.

Анатолий Старостин бошад қаҳрамони олимпиада ва варзишкори машҳуртарин дар Олимпиадаи соли 1980 шуд. Варзишкор дар овони ҷавонӣ дар 20-солагӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт ва ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ҳамаро бо ҳунари худ дар ҳайрат гузошт.

Дар сабқати шахсӯ аз рӯи панҷҳарбаи муосир аз 200 балли умумӣ ӯ соҳиби 199 хол шуд. Ин нишондод натанҳо ба варзишкор медали тилло оварда, балки номи ӯро дар китоби рекордҳои Гиннес чун ҷавонтарин қазрамони олимпӣ дар риштаи панҷҳарбаи муосир сабт кард.

Дуюмин медали тиллоро варзишкор дар ҳайати гурӯҳӣ ба даст овард. 

Олимпиадаи Маскав барои Староостин нахустин вале охирон набуд. Варзишкор ҳамчунин дар олимпиадаи соли 1992 дар Барселона ширкат карда, соҳиби медали нуқра гардид.

Яке аз қаҳрамонии такрорнашавандаи варзишкор ҳамчунин рақобати ӯ дар риштаи панҷҳарбаи муосир дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1986 дар Италия мебошад. Дар ин сабқат варзишкор беҳтарин баромадро нишон дода соҳиби медали тилло гардид.

Дар умум Старостин дар давраи фаъолияти варзишии худ соҳиби 17 нишон шудааст, ки аксари онҳо тилло мебошанд.

Зодагони Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 аз номи дигар ҷумҳуриҳо баромад карда буданд.

Масалан Валерий Мовчан дар ин олимпиада дар ришаи велосипедронӣ ба масофаи 4 ҳазор метр, медали тилло ба даст овард. Ӯ зодаи вилости Ленинобод мебошад. Ӯ дар ин бозиҳо Украинаи Шӯравиро муаррифӣ кард.

Нелли Ким аз вилояти Суғд, деҳаи Шӯроб, ки аз номи Белоруссия баромад кард, дар ҳайати гурӯҳӣ соҳиби медали тилло шуд.

Ҳамчунин зодаи шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) аз номи ИҶШС баромад карда соҳиби медил тилло гардид.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, дастовардҳо, варзишкорони тоҷик, Маскав, олимпиада

Тасвирбаёни бештар

Мавзӯъҳои асосӣ