Шогирд ба устод ниёз дорад: норасоии омӯзгорон дар ҶТ

Обуна шудан
Тибқи гузориши охири Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сол то сол дар кишвар шумораи кӯдакистонҳо ва мактабҳо бештар мешавад

Соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳамоно ба омӯзгорони касбӣ ниёз дорад. То ҳол дар аксари манотиқи кишвар омӯзгорони фаннӣ намерасанд.

Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон
Баҳои вазири маориф ба сифати таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар: аз минтақа камие надорем

Вазъи омӯзгорон ва хонандагон

То имрӯз дар таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон 3 884 муассиса фаъолият мекунад, дар баробари ин 146 мактабҳои шакли нав - яъне гимназия ва литсейҳо дар кишвар фаъоланд.

Дар соҳаи маорифи Тоҷикистон 124,6 ҳазор омӯзгор меҳнат мекунад. Шумораи занон аз мардон бештар аст.

Ҳайъати бузургтарини омӯзгорон дар вилояти Хатлон кор мекунанд. Дар ин минтақа, тибқи гузориши Вазорат дар ин минтақа 44,5 ҳазор кас фаъолият мекунад.

Вале ба шумораи зиёди омӯзгорон дар вилояти Хатлон нигоҳ накарда, ин минтақа бештар аз дигар вилоятҳо ба кадрҳои касбӣ ниёз дорад.

Аз ҷумла дар ин минтақа бештар омӯзгорони фанни забони русӣ, англисӣ, геометрия ва математика намерасанд.

Дар умум ба ҷануби кишвар 900 омӯзгор намерасад.

Вазири тоҷик: дар ИДМ бештар аз ҳама дар Тоҷикистон забони русӣ эҳтиром мешавад

Дар мақоми дуюм аз рӯи ҳайъати омӯзгорон вилояти Суғд меистад. Дар ин минтақа 38 ҳазор омӯзгор фаъолият карда, 800 муаллими дигар камбуд аст.

Дар ноҳияҳои тобеъи марказ тақрибан 24 ҳазор омӯзгор кор мекунад, вале макотиби ин минтақа ба 800 омӯзгори дигар ниёз дорад.

Дар макотиби пойтахти Тоҷикистон 8,8 ҳазор омӯзгор меҳнат мекунад. Вале муассисаҳои пойтахт боз ба беш аз 200 ҳазор педагог ниёз дорад.

Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф: аз коронавирус бештар аҳли зиё зарар диданд

Дар ВМКБ бошад танҳо 80 муаллим намерасад ва дар макотиби ин минтақаи кишвар 5,6 ҳазор омӯзгор кор мекунад.

Вобаста ба хонандагон бошад, дар Тоҷикистон дар соли 2020 дар таҳсилоти миёнаи умумии кишвар беш аз 2 миллион кас ба қайд гирифта шудааст.

Теъдоди бештари хонандагон дар вилояти Хатлон беш аз 752 ҳазор, дар вилояти Суғд - 548 ҳазор дар НТМ - 490 ҳазор,  беш аз 205 ҳазор дар Душанбе ва беш аз 38 ҳазор дар ВМКБ таҳсил мекунанд.

Таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон сол то сол шумораи кӯдакистонҳо бештар мешавад.

Дар Тоҷикистон дар умум 662 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки ин рақам дар қиёс бо соли гузашта 26 дона бештар мебошад.

То имрӯз беш аз 102 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудааст.

Вазири маориф санаи оғози соли нави хонишро эълон кард

Бино бар гузориши Вазорати маориф бештар аз ҳама - 272 дона, дар вилояти Суғд кӯдакистонҳо ҷойгиранд камтарин дар ВМКБ - 26 дона.

Дар Душанбе 134 боғчаи баччагона ва дар вилояти Хатлон - 152 кӯдакистону дар НТМ - 78 кӯдакистон мавҷуд аст.

Дар баробари ин дар Тоҷикистон 64 мактаб-интернат фаъолият мекунад. Дар ин муассисаҳо беш аз 8 ҳазор кас таҳсил дорад.

Лентаи хабарҳо
0