23:02 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Тасвирбаён

Саразми бостонӣ дар тасвирбаён

Гирифтани линки кӯтоҳ
342 0 0
Шаҳри қадимии Саразм
© Sputnik (sputniktj_photo)

Тоҷикистон имсол 5500-солагии Саразмро таҷлил мекунад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат муайян карда буд, ки 5500-солагии Саразм 12-уми сентябр дар шаҳри Панҷакент ҷашн гирифта шавад

Ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сентябри соли 2000-ум мақоми ҳуқуқии "Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ"-ро соҳиб гардида буд.

Ин макони таърихӣ аз нимаи солҳои 70-уми асри гузашта, аз ҷониби олим Абдулло Исҳоқов кашф шуда, феълан ба яке аз марказҳои муҳими ҳафриётии олами муосир табдил ёфтааст.

Ёдгории бостонии Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна – Зарафшон, дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр, 15 километр дуртар аз маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир аст ва ёдгориҳои он муаррифгари таърихи ҳазорсолаи IV-II то милод маҳсуб меёбанд.

Дар ин ҷо кишоварзӣ, меъморӣ ва ҳунарҳои нафисаи ниёгон, ҳамчунин коркарди фулузот ва рехтагарӣ равнақ доштаанд.

Масоҳати умумии ёдгорӣ аз 130 гектар иборат мебошад. Имрӯз 37,34 гектари он боқӣ мондааст, ки аз он 17 гектараш ҳамчун мамнуъгоҳ ба харитаи ЮНЕСКО ворид гардидааст.

Барчаспҳо:
Саразм, таърих, Тоҷикистон

Тасвирбаёни бештар

Мавзӯъҳои асосӣ