17:33 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Тасвирбаён

Омори сентябрии COVID - 19 дар Тоҷикистон

Гирифтани линки кӯтоҳ
618 0 0
Вируси корона дар Тоҷикистон омори моҳи сентябр
© Sputnik

Дар Тоҷикистон теъдоди умумии сироятёфтагони маризии сироятии коронавирус ба 9 769 нафар баробар шуд. Ҳамзамон то санаи 30 - юми сентябр аз ин беморӣ дар кишвар 76 нафар ба ҳалокат расиданд

Ҳукумати Тоҷикистон расман рӯзи 30 - юми апрел аз мавҷуд будани маризии коронавирус дар кишвар хабар доданд.

То он замон, ҳарчанд дар ҳамсоякишварҳо: аз қабили Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистону Афғонистон ин маризӣ доман зада буд, лек ба Тоҷикистон наздики як моҳ пас расид.

Ҳукумати кишвар то роҳ ёфтани ин вирус, аз пайи ҷорӣ кардани як қатор маҳдудиятҳо шуданд. Аз ҷумла, роҳҳои ҳавоӣ ва заминиро бастанд.

Ба кори масоҷиду мадраса тағйирот ворид карданд. Дасти кам ду маротиба дари масҷидҳоро ба рӯи намозгузор маҳкам карданд, ва то ҳол ҳам дар Тоҷикистон гузоштани намоз дар мумкин нест.

41 нафар мариз шуданду 48 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Гузашта аз ин, сафи меҳмонони маросимҳои хурсандиро низ ихтисор карда, акнун баргузории тӯю маъракаҳо танҳо дар доираи на беш аз 30 нафар иҷозат аст.

Мактабу донишгоҳҳоро низ қабл аз таътили тобистона ба рухсатӣ фиристоданд.

Зимнан, дар Тоҷикистон давоми як моҳи охир шумораи сироятёфтагон аз 8572 нафар то 9 769 нафар афзоиш ёфт. Ҳамзамон давоми моҳи сентябр дар мамлакат, аз ин маризӣ 8 нафар ҷон бохтанд.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи шадидтарини коронавирус дар Қазоқистон ба назар мерасад. Дар ин кишвар, аллакай 107 908 нафар гирифтори коронавирус шуда, 1725 нафар ҷон бохтанд.

Дар Қирғизистону Ӯзбекистон шумораи ҷонбохтагон ба 1064 ва 468 нафар баробар шуд.

Тоҷикистон дар қиёс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи хубтар дорад. Аммо рӯзҳои охир,мавориди нави сироятшавӣ ба ин дард дар ҳоли афзуншавӣ аст.

Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон

Тасвирбаёни бештар

Мавзӯъҳои асосӣ