20:41 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Тасвирбаён

Ҳаводиси муҳими соли 2020 дар Тоҷикистон

Гирифтани линки кӯтоҳ
286 0 0
Ҳаводиси муҳими соли 2020 дар Тоҷикистон
© Sputnik

Ҳаводиси муҳими соли 2020 дар Тоҷикистонро дар тасвирбаёне ҷамъ овардем, ки аз интихобот то масҷидбандию тирпаррониҳо дар марзро фаро мегирад

Баҳори соли равон ҳайати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуд. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии парлумон шуд.

Баъдан пандемияи коронавирус сар заду дар макотиб таътил эълон шуд. Масоҷидро бастанд. Дар замони пандемия ситоди зиддиэпидемикӣ ташкил шуда, телефони боварӣ дар масоили коронавирус фаъол гардид. Барои паҳнсозии огоҳонаи бемориҳои сироятӣ – ҳабс аз 5 то 10 сол роҳандозӣ шуд.

Инчунин тибқи тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, истифодаи пасвандҳои славянӣ дар номгузории тоҷикӣ истисно шуд.

Сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки ба 338 оила зиён расонду тирпарониҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки маҷруҳону кушта барҷой гузоштанд, аз ҳаводиси нохуши соли 2020 буданд.

Дар баробари ин соли равон мақомоти Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки ба далели камобӣ эҳтимоли камбуди нерӯи барқ ҷой дорад.  Аммо ахиран “Барқи тоҷик” аз лағви маҳдудиятҳои таъминоти барқ эълон карда, мардумро ба сарфакорӣ даъват намуданд.

Имсол инчунин 5 500-солагии Саразм таҷлил шуд. Интихоботи шашуми президенти Тоҷикистон аз ҳаводиси муҳими дигари соли 2020 буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дигарбора дар он пирӯз шуд.

>> Ҳаводиси 2019: аз задухӯрдҳои марзӣ то допинг, афв ва моҷарои пулфиристӣ

Барчаспҳо:
муҳим, ҳаводис, Тоҷикистон

Тасвирбаёни бештар

  • Қудрати ҳарбии Тоҷикистон - 2021
    Таҷдиди ахир: 18:19 22.01.2021
    18:19 22.01.2021

    Қудрати ҳарбии Тоҷикистон - 2021

    Дар Тоҷикистон ҳамасола барои мусаллаҳшавӣ тақрибан 79 миллион доллар масраф мекунанд. Sputnik Тоҷикистон муайян кард, ки маҷмааи мудофиаи дохилӣ аз чӣ иборат аст

    341
  • Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021
    Таҷдиди ахир: 12:10 18.01.2021
    12:10 18.01.2021

    Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021

    Хароҷоти умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 аз 27,6 миллиард сомонӣ зиёд хоҳад шуд. Маблағҳо ба куҷо масраф мешаванд: аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бинед

    100
  • Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021
    Таҷдиди ахир: 09:00 05.01.2021
    09:00 05.01.2021

    Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021

    Дар бисёре аз манотиқи Русия шохиси минтақавӣ бетағйир монд, ки дар натиҷа нархи патент хеле ночиз боло рафт

    961
  • Коронавирус: ҷамъбасти сол
    Таҷдиди ахир: 12:30 31.12.2020
    12:30 31.12.2020

    Ҷамъбасти соли короноӣ дар Тоҷикистон

    Барои тоҷикистониён низ соли 2020 чун дигар бошандагони сайёра ҳамчун соли коронавирусӣ дар хотираҳо хоҳад монд

    250

Мавзӯъҳои асосӣ