09:19 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Ҷиноят ва ҷазо
Гирифтани линки кӯтоҳ
5194 0 0

 Бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе як гуруҳи қочоқбари доллару тиллоро боздошт кардаанд

 ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ин иттилоъ нахуст аз сӯи як манбаъ дар мақомоти қудратии Афғонистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шуд. Ин манбаъ гуфт, даҳҳо миллион доллар ва миқдоре тилло, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон қочоқ шуда буд, тавассути неруҳои амниятии Тоҷикистон забт шудааст.

“Ин пулу тило аз тариқи марзҳо ба Тоҷикистон қочоқ шуда, гуруҳи қочоқбар мехост, онро тариқи Душанбе ба шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи араб интиқол диҳад. Аммо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ин гуруҳ боздошт ва пулу тилои онҳо мусодира шудааст”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи наздик ба ҳукумат дар Тоҷикистон мегӯянд, як гуруҳи қочоқбар тақрибан як моҳи қабл дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз сӯи кормандони прокуратураи Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи марзбонони қирғиз барои қочоқи мандарин

“Онҳо воқеан мехостанд ба таври қочоқ миқдори қобили мулоҳазаи тилову пули нақдро тариқи фурудгоҳ ба Дубай интиҳол диҳанд. Парвандаи онҳо такмил шуда, ҳамин рӯзҳо ба суд хоҳад рафт”, - гуфтанд онҳо.

Талошҳо барои ба даст овардани тафсилоти боздошти қочоқбарон ва миқдори дақиқи тилову пули нақди онҳо аз Прокуратураи генералӣ то ба ҳол натиҷа надодаанд.

40 кило тилло ва ду халта доллар

Бино ба тахмини ҳамсуҳбатони мо, сухан аз ҳудуди 40 кило тиллову ду халта пули нақд меравад, ки миқдораш дақиқ нест. Аммо ин бори аввал нест, ки дар фурудгоҳи Душанбе чунин боздоштҳо иттифоқ меафтанд.

Моҳи ноябри соли гузашта кормандони КДАМ 90 кило тиллову 15 миллион доллари нақдро, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон мехостанд бо хатсайри Душанбе - Дубай ба берун интиқол диҳанд, ошкор ва мусодира карда буданд.

25 июни соли гузашта низ кормандони гумруки Тоҷикистон аз қочоқи 2,5 кило тилло ва 26 ҳазор доллари нақд ҷилавгирӣ карда буданд, ки як зан – шаҳрванди Тоҷикистон мехост тариқи хатсайри Душанбе-Истанбул ба хориҷа интиқол диҳад.

Дар ҳамин ҳол, як ҳафтаи қабл бархе расонаҳои Афғонистон аз пайдо шудани як тайёраи машкук дар фурудгоҳи Кобул хабар доданд, ки тиллову ҷавоҳирот ва асъори нақди хориҷиро ба Дубай интиқол додааст. Ба қавли онҳо, ин бойигарӣ ба раҳбарони Афғонистон тааллуқ доштааст.

Мавзӯъҳои асосӣ