15:29 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Ҷиноят ва ҷазо
Гирифтани линки кӯтоҳ
393 0 0

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи пурзӯр шудани ҷазо барои кӯдакозорӣ дар кишвар омӯхта мешавад

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода мегӯяд, масъалаи пурзӯр кардани ҷазои кӯдакозорон дар кишвар омӯхта мешавад.

Дар рафти нишасти матбуотӣ аз хонум Ҳабибуллозода рӯзноманигорон дар бораи муроҷиати фаъолони ҷомеа ба президенти Тоҷикистон дар мавриди пурзӯр кардани ҷазо барои кӯдакозорӣ пурсон шуданд.

Дар посух ваколатдор гуфт, ки аз ин муроҷиатҳо хабар дорад ва дар мавриди масъалаҳое, ки дар он омадааст, кор бурда мешавад.

"Такмили қонунгузорӣ, пурзӯр намудани ҷазо дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ низ масъалагузорӣ карда шуд. Феълан таҷрибаи дигар давлатҳо дар ин маврид омӯхта мешавад", - таъкид кард вай.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигорон аз як талаботи дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муроҷиатномаашон - маҳрум кардани таҷовузгар аз қувваи мардӣ ёдрас шуданд ва пурсиданд, ки оё дар Тоҷикистон ин иқдом татбиқ мешавад.

Силсилаи таҷовузи кӯдакон дар Тоҷикистон: сабаб чист, чӣ бояд кард?

"Ин масъала ҳам омӯхта мешавад. Татбиқи ин чораҳо ҳам масъалагузорӣ шуд. То кадом андоза имкон дорад ва зарур аст, омӯхта мешавад", - гуфт Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ҳодисаҳои таҷовузи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони хурдсол дар Тоҷикистон боиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ гашта буд. Дар пайи чанд қазияи монанд, фаъолон ба президенти Тоҷикистон муроҷиат карданд, ки ҷазо барои ин ҷиноят пурзӯр карда шавад.

Барчаспҳо:
ҷазо, зӯроварӣ, кӯдак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ