12:38 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Ҷиноят ва ҷазо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2002 0 0

Суҳроби сарроф дар Суғд сар аз соли 2020 якбора фаъолияташро қатъ карда, ғайб задааст. Муҳоҷирони зиёде ба ӯ бовар карда, амонаташонро дода буданд

 ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Прокуратураи вилояти Суғд, дар шарҳи парванда алайҳи Суҳроб Абдуҳамидови “валютчик” иттилоъ дод, ки бо сабаби ҳозир нашудан ба тафтишот, нисбати ин сокини шаҳри Истаравшан кофтукови ҷиноӣ эълон шудааст.

Сафар Давлат Давронзод, сардори шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим дар прокуратураи вилояти Суғд, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Абдуҳамидов бо ҷурми қаллобӣ бо моддаи қонун ҷавобгар дониста мешавад.

“Нисбати Суҳроб Абдуҳамидов бо моддаи 247 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, айни замон тафтишоти пешкаӣ нисбати ӯ идома дорад. Азбаски номбурда аз тафтишот пинҳон шудааст, ҳоло нисбати ӯ кофтуков эълон шудааст”,- тавзеҳ дод Сафаров.

Суҳроб Абдуҳамидов сокини 45-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан гуфта мешавад, ки аз соли 2015 ба ивази ғайриқонунии асъор машғул буда бо ин роҳ ба боварии чандин нафар даромада, маблағи бузурги амонатии онҳоро аз худ кардааст.

Ӯ фаъолияти бонкиро бидуни ба қайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, бо вайрон кардани шартҳои литсензиякунонӣ машғул гардидааст. Номбурда аз охирҳои соли гузашта ба ин тараф бедарак аст дар ҳоле, ки бархе аз сокинон ба фаъолияти саррофии ӯ бовар карда амонат додаанд.

Мардум ба фаъолияти ӯ бовар карда пулашонро иваз мекарданд. Шуморе аз онҳое, ки фарзандонашону пайвандонашон аз муҳоҷират рубли русӣ мефиристоданд, барои бо курси нисбатан баландтар иваз намудани пулашон ба наздаш мерафтанд.

Баъзеҳо ба фаъолияти саррофии ӯ бовар карда, ба ҷуз иваз намудан, ҳатто маблағашонро барои гардиш додан ба ӯ месупориданд.

Боздошти Охунҷони "валтютчик": "медонистам ин кор ғайриқонунӣ аст, пинҳонӣ мекардам"-видео

Ба ҳисоби соҳибкорон, даҳҳо хонаводаи муҳоҷирон аз Истаравшан ва деҳоти ноҳияи Деваштич дар ин миён будаанд, ки миллионҳо рубли худро ба ӯ бовар кардаанд.

Оғози моҳи январи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дода буданд, ки ин Абдуҳамидов бо ваъдаи интиқол додани 80 ҳазор доллари амрикоӣ ба кишвари Чин аз як сокини 34-солаи ҷамоати Савристони Истаравшан 920 ҳазор сомонӣ гирифта ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.

Барчаспҳо:
пул, муҳоҷирон, кофтукоб, сарроф, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ