ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани ду наврас дар Душанбе хабар медиҳад, ки яке аз онҳо феълан бо захми корд дар беморхона қарор доштааст.
"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболғи 17-сола дастгир шуданд", - менависад манбаъ.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳарду наврас, яке сокини шаҳри Душанбе ва дигаре сокини ноҳияи Рӯдакӣ, 17 сол дошта, дар пайи ҷанҷол ба иттиҳоми авбошӣ дастгир шудаанд.
Сарзаниши падар: донишҷӯ сабаби ба декан корд кашиданашро гуфтааст
Гуфта мешавад, номбурдагон, 20-уми феврали соли 2021, тахминан соати 11:20-дақиқа, дар назди бинои "Маҷмааи варзишӣ", воқеъ дар кӯчаи Маяковский бо якдигар ҷангу ҷанҷол кардаанд.
Дар пайи якеашон бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба дасти дувумин зарба зада, аз ҷойи ходиса ғайб задааст.
Дар натиҷа нафари зарбхӯрда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.