Худро корманди ҳифзи ҳуқуқ гуфт: боздошти марди 27-сола бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марди 27 -соларо боздошт кард, ки худро корманди қалбакии ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ мекард
ДУШАНБЕ, 16 мар— Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-сола боздошт шудааст.
Боздошти Назарзода Акбарҷони Гадо, корманди қалбакии комиссариати ҳарбӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2020
Чигуна ҷавонон ба доми Акбарҷони Гадо афтиданд: боздошти комиссари ҳарбии қалбакӣ-видео
Боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат унвон шуда, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир шудааст.
"Номбурда, худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкур вохӯрда, бо баҳонаи оне, ки гӯё бо як рафиқаш дар Федератсияи Русия доду гирифт намудаст, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 6 ҳазор сомонӣ талаб кардааст",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ҳангоми гирифтани маблағ дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат гумонбаршаванда дастгир гардидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Се соли зиндон: суди Хуҷанд ҳукми корманди қалбакии идораи зидди фасодро эълон кард
Ин нахустин ҳолати сохтакории идае набуда, қаблан низ мақомот аз чунин боздоштҳо хабар дода буд, ки яке худро корманди комиссариати ҳарбиву дигаре майор ва сеюмӣ худро аз ниҳоди дигари қудратӣ муаррифӣ мекард.
Лентаи хабарҳо
0