Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2020 баргузор мешавад. Ин шашумин интихобот дар парлумони кишвар дар таърихи соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад. 

Интихобот дар ду баст: дар палатаи поёнӣ - Маҷлиси намояндагон рӯзи 1 март ва дар палатаи болоӣ (Маҷлиси миллӣ) рӯзи 27 март доир мешавад. Ин рӯзҳоро президенти Тоҷикистон бо судури фармон моҳи декабри соли 2019, муайян кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки номзадии кам ё беш аз 22 нафари онҳо тавассути овоздиҳии ҳизбӣ ва боқмонда аз ҳисоби райдиҳӣ дар ҳавзаҳои якмандатии шаҳру ноҳияҳои кишвар вакил интихоб мешаванд.

Маҷлиси миллӣ аз 33 намоянда иборат буда, 25 каси онҳо дар паи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2020 ҳизби ҳукмрон Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократӣ ва сотсиал-демократӣ ширкат мекунанд.

Ҳамаи ҳафт ҳизби сиёсӣ бояд 75 рӯз пеш аз интихобот маҷлиси пешазинтихоботӣ баргузор кунанд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2015, ба ҳисоби вакилон аз ҲХДТ, барои аввалин бор намояндаи аҳзоб аз ҷумла Усмонзода Саидҷаъфар Усмон аз ҳисоби ҲДТ, се нафари дигар аз ҷумла Олимҷон Бобоев ва Рустам Қудратов аз ҲИИТ, Анвар Ахмедов ва Аҳмадҷон Қобилов аз ҲАТ, Абдуллозода Иброҳим ва Абдуҷаббор Ахмедов аз ҲКТ ва Абдуҳалим Ғаффоров аз ҲСТ ҳар яке аз тариқи ҷамъ 5 дарсади райи ҳизбӣ ва ё аз ҳисоби интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳо ба сифати вакил ба порлумони касбии Тоҷикистон роҳ ёфта буданд.

Мақолаҳо
Интихоби замон
20 матлаби дигар
  • Дар ҳафта
  • Дар моҳ
  • Дар сол
  • Ҳама вақт
Лентаи хабарҳо
0