08:04 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Интихобот -2020
Гирифтани линки кӯтоҳ
1486 0 0

Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба  ИДМ, пешгӯӣ кард, ки кӣ барандаи интихоботи президентии Тоҷикистон хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ором хоҳад гузашт, гуфт ба РИА Новости муовини аввали раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ИДМ Виктор Водолатский.

Ӯ гуфт, ки роҳбари амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар байни мардум эътимоди зиёд дорад.

“Бо назардошти он ки маҳз раҳбари кунунии Тоҷикистон аз эътимоди бузург бархӯрдор аст ва дар асл, ҳамаи ҳизбҳои гуногун, аз ҷумла оппозисиюн, дарк мекунанд, ки ба ҷуз аз Раҳмон каси дигаре нест, ки тавонад муттаҳид кунад ва ё чунин ҳакам дар байни оппозисиюн ва сохторҳои тарафдори ҳукумат бошад. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон, мисли дигар ҷумҳуриҳои ИДМ, ҳеҷ мушкиле нахоҳад буд ", - гуфт Водолатский.

Хотиррасон мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор мешавад.

Панҷ номзад дар интихоботи навбатӣ барои курсии президентӣ рақобат мекунанд, ки се нафари онҳо бори аввал ширкат мекунанд.

 Сокинони Тоҷикистон бояд байни Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ якеро президент интихоб кунанд.

Интихоботи президентиро нозирон аз ИДМ, САҲА ва СҲШ, инчунин намояндагони Русия ва Узбакистон назорат мекунанд.

Аз ҷумла, ҳайати Думаи давлатии Федератсияи Русия аз 9 то 12 октябр барои назорат ба Тоҷикистон меояд.

 Гуфта мешавад, ҳайатро муовини раиси кумитаи ИДМ Казбек Тайсаев роҳбарӣ карда, ба он инчунин вакилон Алексей Чепа, Раҳим Азимов ва Дмитрий Савельев шомил хоҳанд шуд.

Барчаспҳо:
пешгӯӣ, президент, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ