19:12 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Интихобот -2020
Гирифтани линки кӯтоҳ
34010

Мироҷ Абдуллоев, довталаби курсии президентии Тоҷикистон гуфтааст, дар амал ҷорӣ намудани таълими бепул  ва хизматрасонии ройгони тандурустӣ ба аҳолӣ аз масъалаҳои меҳварии барномаи пешазинтихоботияш мебошад.

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Номзад ба президентӣ аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон гуфтааст, дар ҳолати  нишастан ба курсии президентӣ ба ҷавонон тариқи қарзҳои ипотекӣ имтиёз медиҳад, то соҳиби хонаи шахсӣ гарданд, хабар медиҳад “Ховар”.

“Мо дар нақша гирифтаем, ки қарзҳоро бе фоиз ва ё бо фоизи паст пешниҳод кунем, то ҷавонон соҳиби хона гарданд. Ба оилаҳо қарзҳои дарозмуддат дода мешаванд, то ҳар кадоме то соли 2030 хонаи шахсӣ дошта бошанд”,-афзудааст коммунисти рақами як.

Дар барномаи Абдуллоев ҳамзамон барқарорсозии сохтори колхозӣ низ ҳаст, ки дар шарҳи он гуфтааст, замин бояд самаранок ва дастаҷаъмона истифода шавад.

“Имрӯз қитъаҳое вомехӯранд, ки аз тарафи шаҳрвандон пурра истифода намешаванд. Истифода самараноки замин ба манфиати давлат ва ҷамъият аст”,-гуфтааст даъвогари курсии президентӣ.

Ҳамзамон Мироҷ Абдуллоев, ваъда додааст, ки дар сурати президент интихоб шуданаш,  таълими бепул, хизматрасонии ройгони тандурустӣ ба аҳолиро роҳандозӣ мекунад.

Кӣ пирӯз мешавад? пешгӯии интихоботи президентии Тоҷикистон дар Думаи давлатии Русия

Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки зан дар сиёсат бояд синни муайян надошта бошад ва ба ин хотир нақша дорад дар сурати президент шудан синни нафақаро барои занон боло барад.

“Занҳои сиёсатмадор ва сарвар дорои таҷрибаю дониши бой буда, мо синни нафақаи онҳоро то 65 боло мебарем”,- шарҳ додааст номзади коммунистҳои Тоҷикистон.

Инчунин таҷдиди сохтори кишоварзӣ, назорати фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ, баргардонии имтиёзҳо барои истифодаи барқ ​​ва газ барои собиқадорони ҷангу меҳнат, давлатикунонии сарватҳои табиӣ ва замин, ислоҳоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра аз ваъдаҳои ҷаноби Абдуллоев аст.

Интихоботи президенти Тоҷикистон – 2020 дар як дақиқа-видео

Ёдовар мешавем интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ду рӯз пас доир мегардад ва Мироҷ Абдуллоев, аз куҳансолтарин довталабони курсии президентӣ аст, ки нахустин бор дар ин корзор ширкат мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ