Аз Абдуллоев то Эмомалӣ: нозирони ИДМ ба кор шуруъ мекунанд – рӯйхати пурра

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПодготовка к выборам в Таджикистане
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуруҳи байнулмилалии нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ имрӯз фаъолияти чаҳоррӯзаи худро дар Душанбе шуруъ мекунад

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Павел Пашнов, сардори Раёсати иттилоотиву нашаротии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, гурӯҳи нозирони ин ниҳод, ки барои мониторинги интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди Душанбе шудааст, пас аз зуҳри имрӯз, 9 октябр, ба фаъолияти худ шуруъ хоҳад кард.

"Мулоқоти мо нахуст бо Мироҷ Абдуллоев, раис ва номзади Ҳизби Коммунист ба назар гирифта шудааст. Сипас, аъзои гуруҳ бо Рустам Раҳматзода, раис ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Абдуҳалим Ғаффоров, номзад ва раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард", - гуфт Павел Пашнов.

Тибқи нақшаи корӣ, ин гурӯҳ фардо, 10 октябр, бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Азизӣ, раҳбари ситоди номзад ба президентӣ Эмомалӣ Раҳмон ва муовини раиси Ҳизби халқӣ – демократӣ, Рустам Латифзода, номзад ва раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дидор хоҳад намуд.

Омодагии Тоҷикистон барои интихоботи президентӣ - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи президентӣ дар шароити пандемияи COVID-19 - видео

"Ин ҳайат ҳамчунин дар пои Тандиси Ғалаба дар Душанбе гулгузорӣ хоҳад кард", - гуфт Павел Пашнов.

Ба ҳамин минвол, 11 октябр – рӯзи интихоботи президентӣ - ҳайати нозирони Ассамлеяи байнипарлумонии ИДМ боз шудани қитъаҳои интихоботиро назорат ва дар давоми рӯз бо кори онҳо ошно хоҳад шуд ва 12 октябр, соати 11, мушоҳидоти худро бо расонаҳои Тоҷикистон дар толори бузурги Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ ба миён хоҳад гузошт.

Киҳо? Аз куҷо?

Ба гуруҳи байнулмилалии 10 – нафараи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБ) - и ИДМ Олег Мелниченко, ҳамоҳангсози гуруҳ, раиси Кумитаи сохтори федеративӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва умури Шимоли Шӯрои федератсияи Маҷлиси федераалии Федератсияи Русия ва Дмитрий Кобитский, котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ раҳбарӣ мекунанд.

Кӣ пирӯз мешавад? пешгӯии интихоботи президентии Тоҷикистон дар Думаи давлатии Русия

Дар ин гуруҳ Талгат Мусабаев, узви Кумитаи равобити байнулмилалӣ, дифоъ ва амнияти Сенати парлумони Қазоқистон, Тарас Хитуов, узви Кумитаи ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди минтақавии Маҷлиси парлумони Қазоқистон, Казбек Тайсаев, муовини раиси Кумитаи умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия, Фармон Тошев, узви Кумитаи масоили судиву ҳуқуқӣ ва мубориза бо коррупсияи Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон, Хайрилло Гаппоров, узви Кумитаи мубориза бо коррупсия ва масоили судиву ҳуқуқии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон, Айдин Ҷафаров Мамед оглу, намояндаи соҳибихтиёри Милли Маҷлиси Озарбойҷон дар АБ ИДМ, Виктор Когут, намояндаи соҳибихтиёри Маҷлиси миллии Белорус дар АБ ИДМ ва Иван Мушкет, директори Институти байнулмилалии мониторинги рушди демократияи АБ ИДМ низ шомил мебошанд.

Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 27 марти соли 1992 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз сӯи раҳбарони парлумони Арменистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0