10 нуқтаи ҷолибтарини интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкЖители Душанбе выбирают Президента Таджикистана на одном из избирательных участков
Жители Душанбе выбирают Президента Таджикистана на одном из избирательных участков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамагӣ чанд рӯз пас шашумин маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Аммо? чигуна панҷ маротиба интихоботи қаблӣ дар кишвар баргузор шуд, аз маводи таҳиянамудаи мо мутолиа кунед

ДУШАНБЕ, 9 окт - Sputnik. Иститути ҳокимияти президентӣ дар Тоҷикистон 30 сол дорад, бо танаффуси кӯтоҳи 2 - сола. Дар пешорӯи Интихоботи Президентӣ, ки ба санаи 11 - уми октябри соли 2020 рост меояд, Sputnik Тоҷикистон муҳимтарин далелҳои ҷолибро давоми даҳсолаҳои ахир гирд овард.

Парлумон интихоб кард

Президенти нахустини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов на бо роҳи овоздиҳии умумӣ, балки тариқи овоздиҳии парлумонӣ, санаи 30 ноябри соли 1990 интихоб шуд. Он замон ӯ раҳбарии ҳукумати ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт.

Интихобот дар Тоҷикистон танҳо омор - Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон: танҳо арқом

Маҳкамовро ба ин вазифа аъзои Ҳизби Коммунистии ҶШС Тоҷикистон пешбарӣ кард, гарчанде ки дар байни вакилон намояндагони дигар ҳизбҳо низ буданд. Аммо коммунистон фраксияи сершумор буданд ва худи Маҳкамов раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ буд.

Вай ба курсии раёсатҷумҳурӣ аз тариқи овоздиҳии алтернативӣ, ки худаш пешниҳод намуда буд, такя зад.

Он замон, ба номи Маҳкамов лоиҳаҳои бузург алоқамандии комил доштанд. Аз ҷумла, Корхонаи алюминаи тоҷик, оғози сохтмони нерӯгоҳи Роғун, нақби зеризаминии нақлиётӣ дар ағбаи Анзоб. Аммо пош хӯрдани ИҶШС ба амалӣ шудани дуи охирин монеъ шуд.

Нахустин ва охирин кишвардор

Маҳкамов замоне ба курсии президентӣ такя зад, ки Тоҷикистон ҳоло ба узвияти Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буд. Аз ин рӯ, Маҳкамовро "аввалин ва охирин президенти Тоҷикистони Шӯравӣ" мегуфтанд.

31 августи соли 1991 Маҳкамов дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ сабукдӯш карда шуд, ӯро дар пуштибонӣ аз табаддулоти нокоми Кумитаи ҳолатҳои фавқулода айбдор намуданд. Зимнан, моҳи феврали ҳамон сол дар Душанбе ошӯбҳои шадид рух доданд, ки вазъиятро боз печидатар намуданд. Ошӯбҳои он замонро бо як бераҳмӣ ва бо истифода аз силоҳ пахш намуданд, ки дар натиҷа садҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд.

Интихоботи президенти Тоҷикистон 2020 дар 1 дақиқа - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи президенти Тоҷикистон – 2020 дар як дақиқа-видео

Қаҳҳор Маҳкамов ба мисли Раҳмон Набиев, дар вақтҳои гуногун, роҳбарии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии ҶШС Тоҷикистонро бар ӯҳда доштанд. Аммо, аввалӣ вақте, ки бозсозии Ҳизби коммунист нуфузи худро аз даст додан гирифт, худаш аз вазифа истеъфо дод. Дуввумро, аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ, Маскав барои вобастагии аз ҳад зиёд ба майзадагӣ ва зиёфатҳои пурдабдаба сабукдӯш кард.

Интихобот бо сирри ҳуқуқӣ

Раҳмон Набиев нахустин Президенти Тоҷикистон мебошад, ки аз тариқи овоздиҳии оммавӣ (24 сентябри соли 1991) интихоб карда шуд, гарчанде аз рӯи таърих, Набиев дуюмин кишвардор ҳисоб мешавад. Аммо ин далели ҷолибтарини интихоботи он замон нест.

Тавре маълум аст, Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатиро эълон кард, аммо кам касон медонанд, ки то 26 декабри соли 1991 Тоҷикистон расман ба ИҶШС шомил буд, зеро ҳамаи расмиёт ба таври расмӣ риоя намешуданд. Ин маънои онро дорад, ки аввалин интихоботи президентӣ дар ҳоле баргузор шуда буд, ки кишвар ҳанӯз қонунан давлати мустақил набуд.

Аммо ба вуҷуди ин ҳам, интихобот баргузор шуд. Дар пешбарии Набиев ба қудрат, коммунистоне, ки тамоми қувваҳо ва хусусан сустиҳои ӯро медонистанд, низ саҳм доштанд.

Як номзад аз аҳзоби гуногун

Дар интихоботи соли 1991 ҷамъан 7 номзад вориди сабқат шуданд, аммо рақиби асосии Набиев коргардони кино, роҳбари Иттифоқи кинемотографистони ИҶШС Давлат Худоназаров буд. Номзадии ӯро якбора чанд аҳзоб, аз ҷумла Ҳизби демократӣ, ҲНИТ, "Лаъли Бадахшон", Ҳаракати миллӣ - демократии "Растохез" ва инчунин рӯҳониён дастгирӣ намуданд.

Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон 2020 чанд имзо ҷамъ карданд - Sputnik Тоҷикистон
Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон дар соли 2020: кӣ, чӣ қадар имзо ҷамъ кард

Зимнан, номзаде, ки аз ҷониби чаҳор аҳзоб пешбарӣ шуд, дасти кам 30,1 дарсади орои мардумро ба даст овард. Набиев бошад,  56,9 фисади раъйи овоздиҳандаҳоро соҳиб шуд.

Ду истеъфо дар тирамоҳ

Тирамоҳи соли 1992 Раҳмон Набиев ду маротиба истеъфо дода буд. Маротиба нахуст ӯ барои бо силоҳ таҳдид кардан ба ҷонаш, ин корро кард. Дар моҳи сентябр, дар пасманзари вазъи шадид дар Душанбе президент қарор кард, ки ба Хуҷанд, ба зодгоҳаш  парвоз кунад. Дар толори VIP фурудгоҳи пойтахт ҷангҷӯёни Иттиҳоди мухолифини тоҷик ӯро боздошт карданд ва бо таҳдид бо силоҳ маҷбур карданд, ки зери номаи истеъфо имзо гузорад.

Ба ҳамин минвол, моҳи ноябр як гурӯҳ вакилони сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ кӯшиш карданд, ки президентро ба истеъфо рафтан  розӣ кунонанд. Вай билохира таҳти фишор розӣ шуд. Дар ҳуҷҷати истеъфояш Набиев навишт, ки  "бо мақсади ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ, хотима додан ба ҷанги бародаркуш", тарки мансаби ишғолкарда мекунад.

Сеюм "кониститутсиноӣ"

Сеюмин кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 6 - уми ноябри соли 1994 интихоб шуд ва аз он замон то имрӯз зимоми роҳбарии ҷумҳуриро дар даст дорад.

Конституция республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шашуми ноябр - Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон

Ҳамзамон бо интихобот, раъйпурсии саросарӣ оид ба қабули Конститутсияи якуми Тоҷикистони соҳибистиқлол гузаронида шуд.

Метавон гуфт, ки ду раисҷумҳури қаблӣ аз рӯи Кониститутсияи ИҶШС савганд ёд карданд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бошад, аснои савгандёдкунӣ нусхаи тозаи Қонуни Асосии ҷумҳуриро истифода кард.

Интихобот дар зери тиру туфанг

Соли 1994 маракаи интихоботи президентӣ ба замоне рост омад, ки дар кишвар Ҷанги шаҳрвандӣ  (1992 - 1997) идома мекард. Агар вазнинтарин даври Ҷанги шаҳрвандӣ гузашта буд, аммо вазъият дар кишвар ҳамонно ноором буд.

Намояндагони Иттиҳодияи мухолифини тоҷик аз Афғонистон ба минтақаҳои шарқии Тоҷикистон ҳуҷум оварда, ба низомиёни ҳукуматӣ талафоти бузург оварданд. Тақрибан 50 нафар низомиён аз ҷониби ҷангиён асир гирифта шуданд. 4 ноябри соли 1994 дар Хоруғ гуфтушунидҳо дар мавриди додугирифти намояндагони мухолифин ва сарбозони асирафтода баргузор шуд. Зимнан, ҳамагӣ ду рӯз пас маъракаи интихоботӣ президентӣ баргузор гардид.

Маҳдудиятҳо муваққатӣ

Воқеан, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии оппозитсионӣ ва фаъолияти онҳо дар кишвар мамнӯъ буд.

Ҳамчунин ба намояндагони мухолифин иҷозати расмӣ барои иштирок дар интихоботи соли 1994 дода нашуд.

Номзадҳои худпешбарӣ бо сарнавиштҳои гуногун

Соли 1994 ҳамаи номзадҳо ба маснади президентӣ аз тариқи худпешбарӣ иштирок менамуданд. Ба марҳилаи ниҳоӣ танҳо ду номзад: Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ сарвазир, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов роҳ ёфтанд. Абдуллоҷонов дар ин сабқат шикаст хӯрд, вале 34, 7 дарсад раъй ба даст оварда буд.

История Таджикистана на карте Москвы: Кремль - Sputnik Тоҷикистон
Аз созишномаи сулҳу тақсими қудрат то басташавии ҲНИТ: суҳбат бо Абдуллоҳи Раҳнамо

Пас аз шикаст хӯрдан дар интихобот, Абдуллоҷонов тарки ватан кард ва роҳбарии Ҷунбиши оппозитсиониӣ эҳёи миллӣ интихоб шуд.

Пас аз чанд сол, Абдуллоҷоновро ғоибона айбдор карданд ва ба рӯйхати таҳти ҷустуҷӯ дохил карданд. Ӯ аз ҷумла дар сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ раҳмон айбдор дониста шуд. Соли 2013 Абдуллоҷонов  бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар фурудгоҳи Киев боздошт ва ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт. Аммо, аз бозе ки Абдуллоҷонов шаҳрвандии Амрико дошт, ӯро ду моҳ пас аз боздошт раҳо карданд. Сиёсатмадор дигар ба Тоҷикистон барнагашт.

ҲНИТ дар бозӣ

Ҳоло Ҳизби Наҳзати Исломӣ як созмони террористие мебошад, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст (бо қарори Додгоҳи олии соли 2015), ки ба гуфтаи мақомот, ҳанӯз ҳам кӯшиш мекунад, ҷумҳуриро аз дохил ноором кунад. Аммо тақрибан ду даҳсола пеш, ҲНИТ дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона ширкат варзид ва ҳатто мунтазам номзадҳо ба интихоботро пешбарӣ мекард.

Барои ин ҳизб соли 1999 бисёр бобарор буд, зеро Давлат Усмон намояндаи ин ҳизб дар Интихоботи Президентӣ 2,1 дарсад раъй ба даст овард.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Хомӯш набошем: Раҳмон дар бораи либос, наҳзатиҳо, айби зиёиён ва камбудии фикри мардум

Охирон маротиба ҲНИТ соли 2013 дар интихобот штирок карданд. Номзадии онҳо Ойниҳол Бобоназарова буд, аммо КМИ номзадии ӯ ва намоянда аз ҲСДТ - ро напазируфтанд. Пас аз ин, ҳар ду ҳизб интихоботи он солро бойкот карданд.

Номзадҳо ба мақоми олии ҳукумати Тоҷикистон аксар вақт зиракии аҷибе нишон медиҳанд, то шумораи бештари интихобкунандагонро ба тарафи худ ҷалб кунанд. Ҳамин тавр, дар интихоботи соли 1991, яке аз номзадҳо тақсимоти ройгони калушро ташкил кард, ки он вақтҳо камчин буданд.

Ин навбат бошад намояндаи комунистҳо Мироҷ Абдуллоев ҷонибдори баргардонидани корхонаҳо ба коргарон ва замин ба деҳқонон аст, пешвои сотсиалистҳо Абдуҳалим Ғаффоров дар Душанбе метро сохтанро пешниҳод мекунад ва раҳбари Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода бо идеяи қонунигардонии муассисаи бисёрзанӣ саъй мекунанд.

Ёдовар мешавем, якшанбеи оянда тоҷикистониён кишвардори нав ва ояндаи худ барои 7 соли ахирро интихоб мекунанд. Бар ин бовар ҳастем, ки ояндаи Тоҷикистон бешубҳа дурахшон хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0