05:41 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Интихобот -2020
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
95 0 0

Миёни сокинон шахсони имконияташон маҳдуд ва шахсони барҷомонда ҳастанд, ки ба нуқтаи овоздиҳӣ имкони омадан надоранд ва барои чунин афрод қуттиҳои сайёр омода шудаанд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Деҳоти дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба интихоботи президентӣ омодаанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Аз ҷумла, деҳаи Шикуши ноҳияи Роштқалъа дар кӯҳдоман ҷойгир аст. Ҳавзаи интихоботии ин деҳа дар ҳавзаи интихоботии Роштқалъа, №8 ба қайд гирифта шудааст.

Раиси ҳавзаи мазкур Гулрухсор Лашкарбекова гуфт, ки "дар интихоботи имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сокинон шахсони имконияташон маҳдуд ва шахсони барҷомонда ҳастанд, ки ба нуқтаи овоздиҳӣ имкони омадан надоранд. Барои чунин афрод қуттиҳои сайёр омода шудаанд. Рӯйхати ҳамаи овоздиҳандагон таҳия ва дар "Гӯшаи интихобот"-и ҳавза ҷо дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин гӯша ҳамчунин  маълумоти комил дар бораи панҷ номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи пешазинтихоботии онҳо, санадҳои қонунгузорӣ, маводи иттилоотӣ, дастурамалҳои методӣ насб шудаанд, ки интихобкунандагон дар вақти барояшон мусоид аз он дидан мекунанд.

“Рӯзи хомушӣ”-и пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон

Дар участкаи мазкур ба хотири  ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 маҳлулҳои зиддисептикӣ, дастпӯшак, ниқобҳои яккарата дастрас шудаанд ва рӯзи овоздиҳӣ ба риояи фосилаи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад.

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр дар назар аст. Феҳрасти овоздиҳандагон дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ таҳия шудааст. Раъйдиҳандагонро имсол инчунин тариқи паёмакҳо дар бораи интихобот огоҳ хоҳанд кард.

Барои мақоми президентӣ дар Тоҷикистон панҷ номзад - Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ вориди корзори интихоботӣ шудаанд.

Президент дар Тоҷикистон барои 7 сол интихоб мешавад. Интихобот тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Дар интихоботи президентӣ шаҳрвандоне, ки бо ҳукми додгоҳ маҳкум шудаанд, ҳаққи иштирок кардан надоранд.

Дар хориҷ аз Тоҷикистон барои раъйдиҳии шаҳрвандони бурунмарзӣ дар 29 давлати ҷаҳон нуқтаҳои овоздиҳӣ кушода мешаванд. Танҳо дар Русия дар панҷ шаҳр – Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои овоздиҳӣ амал хоҳанд кард.

Барои назорати интихобот 122 нозир аз САҲА, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ ва инчунин нозирон аз Русия ва Ӯзбекистон сабти ном шудаанд.

Интихоботи президентии Тоҷикистонро беш аз 258 рӯзноманигори сабтшуда инъикос хоҳанд кард.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Барчаспҳо:
интихобот, омодагӣ, деҳот, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ