00:45 21 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.21
  • RUB0.13
Интихобот -2020
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
873 0 0

Шаҳрдори Душанбе ва раиси парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар интихоботи президентӣ овоз дод

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Роҳбари шаҳр аз қитъаи интихоботии №15, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ воқеъ аст, дидан кард.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Имсол барои курсии сарвари давлат панҷ номзад рақобат мекунанд: Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунист.

Тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон, президент ба мӯҳлати 7 сол интихоб мешавад. Номзаде бо зиёда аз 50% овозҳо ғолиб хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихоботӣ беш аз 4 миллиону 900 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи ширкат ба интихоботи президентиро доранд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)

Мавзӯъҳои асосӣ