07:56 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Интихобот -2020
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
149 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба интихобот рафта, ба ҷонибдории номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон овоз дод

ДУШАНБЕ, 11 окт – Sputnik. Раиси вилояти Суғд ба участкаи интихоботии № 27, и маҳаллаи ба номи “1 уми май”, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Пӯлод Толис дар Хуҷанд ҷойгир аст ба овоздиҳӣ рафт.

Тибқи қоидаҳои беҳдоштӣ қабл аз расидан ба пояи сандуқи райдиҳӣ, дар даромадгоҳи участкаи интихоботӣ табъи Аҳмадзодаро санҷиданд ва дастонашро бо маҳлули антисептикӣ шуёниданд.

Мирзо Эргашев, раиси участкаи интихоботии № 27 дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи меъёрҳои беҳдоштӣ қабл аз овоздиҳӣ табъи ҳар як овоздиҳанда санҷида мешавад. “Дар участкаи интихоботӣ № 27, 22 ҳазор интихобкунанда аст”, гуфт Мирзо Эргашев.

Дар дигар участкаҳои интихоботӣ низ шумори овоздиҳандагон ба назар мерасад. Бино ба иттилоъи Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд, субҳи имрӯз Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳр ҳам ба участкаи интихоботии № 4, воқеъ дар маҳаллаи Чорчароғ рафта ба ҷонибдории номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон овоз додааст.

Бино ба иттилоъи Юсуфзод аз шумораи умумии аҳолии Хуҷанд 103 ҳазору 685 нафарони қобили интихобкунанда будаанд ва аз ин шумор 1664 нафар барои бори аввал дар маъракаи овоздиҳӣ ширкат мекунанд.

Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 64 участкаҳои овоздиҳӣ ба интихоботи президентӣ фаъол будаанд. Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР ҶТ), тибқи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат барои ташкил ва гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3375 участкаи интихоботӣ дар дохил ва 39 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шудаанд.

КМИР пас аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ бо қарорҳои дахлдори худ рӯйхати номзадҳоро аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба қайд гирифт.

Ҳамин тариқ 5 номзад: Рустам Латифзода, номзади Ҳизби аграрӣ,Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии имрӯз рақобат мекунанд.

Участкаҳои интихоботӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд, соати 20:00-и бегоҳии имрӯз 11 октябр ба вақти маҳаллӣ баста мешаванд.

КМИР гуфт, беш аз 20,7% -и овоздиҳандагон дар интихобот ширкат карданд

Натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳанд шуд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Барчаспҳо:
интихобот, Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода

Мавзӯъҳои асосӣ