18:18 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Интихобот -2020
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
200 0 0

Қитъаи овоздиҳӣ, ки дар қаламрави сафорати Тоҷикистон дар Маскав ташкил шудааст, соати 8 кушода шуд

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав овоздиҳӣ оид ба интихоботи президенти Тоҷикистон-2020 оғоз ёфт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Ҳавзаи интихоботӣ, дар сафорат соати ҳашт ба вақти Маскав кушода шуд.

Бо вуҷуди соатҳои барвақт, дар сафорат аллакай сафи афроди овоздиҳанда зиёд ва дар навбат буданд.

Аввалин шуда дар интихобот курсантҳои тоҷики Донишгоҳи низомии Вазорати дифои Русия овоз доданд.

Кори ҳавза мувофики тадбирҳои катъии зидди эпидемикӣ ташкил карда шудааст. Дар даромадгоҳи сафорат асбобҳои безараргардонӣ мавҷуданд, ба ҳама шаҳрвандон дастпӯшакҳо дода мешаванд ва мавҷудияти ҳатмии ниқоби муҳофизатӣ низ тафтиш карда мешавад.

Убайдуллоев низ интихобашро кард: ширкати собиқ шаҳрдор дар интихоботи президентӣ

Хотиррасон мекунем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон идома дорад. Дар маҷмӯъ, дар хориҷа 39 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки 5-тои он дар Русия аст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Уфа, Новосибирск ва Екатеринбург овоз диҳанд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Барчаспҳо:
овоздиҳӣ, интихобот, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ