18:04 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Интихобот -2020
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
256 0 0

Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва яке аз муддаиёни мансаби президентӣ дар интихобот овоз дод

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Раиси Ҳизби сотсиалистӣ дар ҳавзаи интихоботии рақами 11-и пойтахт овоз дод.

Номбурда пас аз овоздиҳӣ, зимни як суҳбати кӯтоҳ гуфт, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон нисбат ба интихоботи кишварҳои дигари пасошӯравӣ ва хориҷ пурра фарқ мекунад.

Ӯ гуфт, барои ҳамаи номзадҳои ба курсии президентӣ имкониятҳо баробар фароҳам шудааст.

Ба гуфти довталаби мансаби президентӣ, аз он ки дар вохӯриҳо интихобкуннадагон гарм пешвозашон гирифтанд, изҳори умедворӣ кард, ки дар ин интихобот мақому мароми муайянеро дарёфт хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ӯ бори  сеюм аст шонси худро барои дарёфти курсии президентӣ месанҷад.

Қаблан ду маротиба дар интихоботҳои солҳои 2006 ва 2013 ширкат карда, раъйи кофӣ ба даст наовард.

Убайдуллоев низ интихобашро кард: ширкати собиқ шаҳрдор дар интихоботи президентӣ

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Овоздиҳии Рустами Эмомалӣ дар интихоботи президентӣ

Дар интихоботи президентии кунунӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Барчаспҳо:
президент, мақом, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ