14:36 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Интихобот -2020
Гирифтани линки кӯтоҳ
1172 0 0

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон ҳангоми эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ шарҳ дод, ки чаро номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихобот роҳ дода нашуд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Имрӯз, 12 октябр дар Тоҷикистон натиҷаҳои интихоботи президентиро, ки 11 октябр доир гардид, эълон карданд.

Бино бар эълони раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, дар ин маърака бо ба даст овардани 90,92 дар сади овозҳо номзад аз Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шуд.

Дар ҳамин ҷо, Худоёрзода шарҳ дод, ки чаро номзад аз Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ба интихоботи президентӣ роҳ дода нашуд.

Бино бар иттилои манбаъ, Усмонзода натавонист шумораи имзоҳои лозимаро ҷамъ оварад.

"Тибқи моддаи 66-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ қарор қабқул кард, ки Саидҷаъфар Усмонзода, аз Ҳизби демократии Тоҷикистон ба интихоботи президентӣ роҳ дода намешавад", - қайд кард вай.

Пештар, Носирҷон Салимзода, муовини раиси КМИР ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели рад шудани номзадии Саидҷафъар Усмонзода дар ҷой доштани камбудиҳо дар аснодаш аст.

"Рӯзи 14 сентябр, як рӯз то муҳлати ниҳоии баррасии ҳуҷҷату асноди номзадҳо КМИР ба ҷаласа нишаст ва маълум шуд, ки дар ҳуҷҷатҳои Усмонзода камбудӣ ҷой доштааст", - гуфт Носирҷон Салимзода. Муовини раиси КМИР тафсилоте бештар аз ин бора  ироа накард.

Эмомалӣ Раҳмонро 4 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дастгирӣ кард

Саидҷафъар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ, низ хабари рад шудани номзадиашро ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карда буд.

“Як чизе, ки ба ман гуфтанд, ҷой доштани тақаллуб дар имзоҳо аст. Мо 285 ҳазору 420 имзоро ба Комиссия таслим карда будем ва ба қавле, теъдоди бузурги онҳоро КМИР ботил кардааст. Дар умум, мо аз тасмими КМИР хафа нестем. Амалан ҳизби мо дар парлумон ҳузур дорад, касе фишорамон намеорад ва ин ба маънои идома доштани зиндагиву кори мо аст”, - гуфта буд Саидҷафъар Усмонзода.
Выступление президента Эмомали Рахмона
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар интихобкунадагон 85,39%-и интихобкунандагон ширкат карданд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварданд.

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Президент дар Тоҷикистон барои 7 сол интихоб мешавад. Интихобот тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ шаҳрвандоне, ки бо ҳукми додгоҳ маҳкум шудаанд, ҳаққи иштирок кардан надоштанд.

Имзоҳои қалбакӣ: чаро номзадии Усмонзода рад шуд?

Дар хориҷ аз Тоҷикистон барои раъйдиҳии шаҳрвандони бурунмарзӣ дар 29 давлати ҷаҳон нуқтаҳои овоздиҳӣ кушода мешаванд. Танҳо дар Русия дар панҷ шаҳр – Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои овоздиҳӣ амал карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ