13:27 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Интихобот -2020
Гирифтани линки кӯтоҳ
95210

Пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президенти Тоҷикистонро роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин шарҳ дод

Дар Тоҷикистон 11 октябр интихоботи президентӣ баргузор шуд. Дар он панҷ номзад, аз онҳо се нафарашон бори нахуст иштирок доштанд.

Грозин о победе Рахмона: это дает время подготовиться к транзиту власти

Бино бар ҳисоботи пешакии КМИР Тоҷикистон, президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 90,92 дар сади овоздиҳандагон ҷонибдорӣ карданд.

Ба гуфтаи мудири шӯъбаи Осиёи Миёнаи Пажӯҳишгоҳи ИДМ Андрей Грозин, ба пирӯзии Раҳмон пеш аз интихобот ҳам шакке набуд.

"Дар умум интихобкунандагон бо барномаҳои ҳарифони президенти амалкунанда пурра огоҳ набуданд. Ин номзадҳоро бештари мардуми Тоҷикистон умуман намешинохтанд. Президенти амалкунандаро ҳама мешиносанд", - гуфт Грозин дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Афзун бар ин, тақрибан чоряки аҳолии кишвар доим ба ҳукумати амалкунанда овоз доданро авлотар медонанд.
Грозин таъкид кард, ки сокинони Тоҷикистон пеш аз ҳама барои субот овоз доданд.

"Бештари одамон аз тағйирот метарсанд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон - кишваре, ҷанги мудҳиштаринро паси сар кардаст. Мардум аз такрор шудани он ҳодисаҳо сахт метарсанд", - тавзеҳ дод коршинос.

Вай афзуд, ки ҳамагуна интихобот дар кори дастгоҳи давлатӣ халале эҷод мекунад, ки мухолифон аз он истифода кардан мехоҳанд.

Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон сипосгузорӣ кард

Грозин афзуд, ки аз нав интихоб шудани Раҳмон ба интиқоли қудрат вақт фароҳам меоварад.

"Интиқоли қудрат ногузир аст, ин қонуни табиат аст. Бояд ба ин равонд бо талафоти камтарин барои низоми сиёсӣ ва ҷомеа омода шуд. Мардум аз тарси он ба Раҳмон овоз доданд, ки агар ба дигаре овоз диҳанд, ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ шояд такрор шавад", - хулоса кард коршинос.

 

Мавзӯъҳои асосӣ