10:25 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Наручники, архивное фото.

Ғоратгарон 27 ҳазор сомонии як сокини Ваҳдатро рабуданд

© Flickr / Tar Sands Blockade
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

ВКД дар иртибот ба қазияи ғорат кардани сокини Ваҳдат се гумонбарро боздошт кардааст.

Душанбе, 8 декабря — Sputnik. Роҳзанҳо саҳарии барвақт ба Шарифбек Мирзошарифов, ки ба бозор мерафт, ҳамла карда, 27 ҳазор сомониашро рабуданд, менависад сомонаи ВКД.

"Ҳангоми бо кӯчаи деҳаашон равон шудан шахсони номаълум бо оҳанпора ба сари ӯ зада,  27000 сомонӣ маблағи пулӣ ва 1 адад телефони мобилиашро, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд",- менависад манбаъ.

Дар пайи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокинони ноҳияи Ваҳдат: Мирзообид Абдулмаҷидзодаи 22-сола, Алишер Мурасаеви 21-сола ва Ҳикматулло Шарифови 23-соларо бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд. Далели шайъӣ гирифта шуда, нисбати ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Маврид ба ёдоварист, 27 ҳазор сомонӣ муодили сиву чор ҳадди аққали маош дар Тоҷикистон аст.

Барчаспҳо:
фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, амалиёт, роҳзанӣ, ӯоратгарӣ, ВКД, Мирзообид Абдулмаҷидзода, Ҳикматулло Шарифов, Алишер Мурасаев, Шарифбек Мирзошарифов, Ваҳдат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ