ВКД ҶТ ба хонаводаи навраси шиканҷашуда 300 ҳазор сомонӣ медиҳад

© SputnikБинои ВКД дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки ба хонаводаи як сокини ноҳияи Ёвон, ки аз сӯи кормандони полис мавриди озор қарор гирифта буд, маблағи ҳангуфт (қариб 60 ҳазор доллар) пардохт намояд.

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори худ дар бораи пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ ба хонаводаи Хушвақт Қаюмовро, ба ихтиёри вазорати корҳои дохилӣ гузошт ва мунтазири посухи ин ниҳод мебошад, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Наврас дар моҳи апрели соли 2012 аз тарафи корманди умури дохилаи ноҳияи Ёвон мавриди озор қарор гирифта, кӯшиши худкушӣ карда буд. Он замон ӯро наҷот дода буданд, аммо пас аз чанд вақт дар касалхона аз олам даргузашт. Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи ҷабрдида,  сокини деҳаи Қулободи Ёвон  гуфт, ки додгоҳи Исмоили Сомонӣ аризаи онҳо оид ба пардохти 300 ҳазор сомонӣ аз тарафи вазорати корҳои дохила ба хонаводаи Хушвақт барои зарари маънавиро баррасӣ кард ва барои пардохти он, як нусхаи ҳалномаи худро ба вазорати корҳои дохилӣ ирсол намуд.

Ду сол қабл Машраф Алиев, корманди милисаи шӯъбаи корҳои дохилии  Ёвон бо гумони дузди Хушвақт Қаюмовро боздошт карда, мавриди таҳқиру озор қарор дода буд, ки дар натиҷа рӯзи 29-уми апрели соли 2012 ин ноболиғ  дар каҳдони ҳавлиашон худро ба дор овехт ва дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ гардид

Дар иртибот ба ин қазия, додситонии вилояти Хатлон нисбати  Машраф Алиев тибқи моддаҳои 143 қисми 1, (шиканҷа), 109 (ба худкушӣ расонидани ноболиғ) ва 316 (баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Баъдтар дар моҳи сентябри ҳамон сол Додгоҳи ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро ба 7 соли зиндон маҳкум кард ва бар иловаи он, ӯро барои се соли дигар аз ҳуқуқи кор дар мақомоти давлатӣ маҳрум сохт.Парвандаи корманди милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки Хушвақти ноболиғро мавриди таҳқиру озор қарор додааст, яке аз ҳодисаи пурсарусадо дар расонаҳои кишвар маҳсуб мешуд, ки аз тарафи марказҳои ҳуқуқии Тоҷикистон то замони маҳкумияти корманди милиса таҳти назорат ва таваҷҷӯҳ қарор дошт. 

Лентаи хабарҳо
0