HRW аз Узбакистон хост, марги Раҳимҷонова таҳқиқи шаффоф шавад

Обуна шудан
HRW мегӯяд, Раҳимҷонова ба иттиҳоми беасос ва бо ангезаи сиёсӣ дар Узбакистон зиндонӣ шуда буд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) аз мақомоти Узбакистон хостааст, марги Нилуфар Раҳимҷонова, ҳамсари Саидюнуси Истаравшанӣ ва духтари домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, ки 12-уми сентябр дар зиндоне дар Тошканд фавтид, ба таври шаффоф таҳқиқ шавад.

Стив Свердлов, масъули HRW дар Осиёи Марказӣ дар иттилоияи расмии созмон, ки 18-уми декабр нашр шудааст, изҳор медорад, ки Раҳимҷонова ба иттиҳоми беасос ва бо ангезаи сиёсӣ дар Узбакистон зиндонӣ шуда буд. Ӯ мегӯяд, Раҳимҷонова ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва терроризм дар соли 2011 боздошт шуда, ба 10 соли зиндон маҳкум гардид.

"Аммо ба таври мармуз баъди се соли адои ҷазо 12-уми сентябри соли 2014 дар зиндон ба ҳалокат расидааст ва масъулияти ин маргро мақомоти Узбакистон ба уҳда доранд", — мегӯяд Свердлов.

Дидбони ҳуқуқи башар бар ин бовар аст, ки Раҳимҷонова барои фаъолияти шавҳар ва падари худ маҳкум шудааст, ки аз солҳои 90-и асри гузашта инҷониб ҳамчун мунаққидони низоми сиёсии Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон баромад мекарданд.

HRW аз қавли Саидюнуси Истаравшанӣ овардааст, ки Раҳимҷонова баъди боздошташ дар моҳи декабри соли 2011 маҷбур шудааст, ки дар рӯбарӯи дастгоҳи наворбардорӣ алайҳи шавҳару падараш баёнот диҳад ва гӯяд, ки онҳо бо Ҳаракати исломии Узбакистон рабт доранд. Ба қавли HRW Раҳимҷонова дар зиндон мавриди фишор қарор гирифта, дастрасияш ба вакили дифоъ низ маҳдуд шуда буд.

Ин созмон мегӯяд, марги Раҳимҷонова дар ҳолест, ки қаблан аз саломатияш шикояте накардааст ва наздиконаш низ, ки ду моҳ пеш аз марг ҳоли ӯро хабар гирифта будаанд, нишонаҳои бемориеро дар ӯ мушоҳида накардаанд.

HRW аз он интиқод намудааст, ки масъулини Узбакистон ташхиси сабаби марги Раҳимҷоноваро дар рӯзҳои аввал ба наздикон пешниҳод накардаанд.

"Инчунин масъулини узбак вақти супоридани ҷасад ба наздикон пофишорӣ кардаанд, ки он ҳар чӣ зудтар ба хок супорида шаваду мавриди ташхис қарор нагирад. Дар санади марги таҳиякардаи мақомоти Узбакистон, ки танҳо баъди пофишориҳои вакили дифоъ пешниҳод шудааст, гуфта мешавад, ки гӯиё Раҳимҷонова худро ба дор овехтааст", — омадааст дар иттилоия.

Ин созмон таъкид мекунад, ки масъулияти ҳаёти зиндониёнро мақомоти Узбакистон ба уҳда доранд ва бояд ин қазия таҳқиқу гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Нилуфар Раҳимҷонова, ки аз шаҳрвандии Узбакистон низ бархурдор буд, соли 2011 ба хотири иштирок дар тӯйи арӯсии бародараш ба пойтахти ин кишвар сафар карда, бо ҷурми убури ғайриқонунии марз боздошт шуд. Дар натиҷа ӯ ба "терроризм","убури ғайриқонунии марз" ва "ҷосусӣ ба манфиати Тоҷикистон" айбдор шуда, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон гардид.

Лентаи хабарҳо
0