11:04 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Фетхуллах Гюлен. Архивное фото

Ҳукми боздошти Гюлен содир шуд

© Flickr / Diyar se
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Истанбул ҳукми боздошти Фатҳулло Гюлен, пешвои ҷумбиши "Хизмет" (Хидмат) ва ташкилотчии литсейҳои туркӣ дар саросари дунёро содир кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар Туркия пешвои ҷумбиши "Хизмет" ба ташкили гурӯҳи террористӣ ва ба вуҷуд овардани ниҳодҳои ҳамсони ҳукумат гунаҳкор дониста мешавад.

Прокурор барои ворид кардани Гюлен ба рӯйхати Интерпол ба вазорати адлияи ин кишвар муроҷиат кардааст.

Фатҳуллоҳ Гюлен аз рӯҳониёни шинохтаест, ки аз охирҳои солҳои 90-ум дар Амрико ба сар мебарад. Қазияи "Фасоди бузург" дар Туркия дар зимистони гузашта нишон дод, ки муносибати фатҳуллоҳчиён бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти кунунии Туркия хатчадор шудааст. Эрдуғон талоши ҷонибдорони Гюленро "давлат андаруни давлат" номида буд.

Фатҳуллоҳ Гюлен ва ҷумбиши "Хизмет"-и ӯ барои Тоҷикистон бегона нест. Муассисаи таълимии "Шалола", ки раҳбарии литсейҳои тоҷикӣ-туркиро дар Тоҷикистон ба зима дорад, аз муассисаи зери нуфузи "Хизмет" дониста мешавад, ки дар Тоҷикистон 6 литсейи он фаъолият дорад.

Барчаспҳо:
ҳукм, боздошт, "Хизмет", Фатҳуллоҳ Гюлен, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Туркия, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ