08:27 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Уничтожение наркотиков. Архивное фото

Дар Душанбе беш аз сесад кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Ин мавод дар ҳузури комиссияи иборат аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ оташ дода шуд.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Беш аз 300 килограмм маводи нашъаовар аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон рӯзи 25 декабр сӯзонида шуд, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Ин мавод дар ҳузури комиссияи иборат аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ оташ дода шуд. Аз ин миқдор маводи сӯзонидашуда каннабис — 170 кг, афюн — 122 кг ва героин  8 килограмро ташкил медод. Маводи нашъаоваре, ки имрӯз сӯзонида шуд, ба 16 парвандаи ҷиноӣ рабт дорад, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст.

Сомона менависад чорабиниҳои сӯзонидани маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентӣ ба таври мунтазам пас аз баромадани ҳукми додгоҳ анҷом дода мешавад.

Барчаспҳо:
каннабис, героин, бангдона, афюн, парвандаи ҷиноятӣ, дар Душанбе, сӯзонидани мухаддир, АНМН, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ