21:46 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Собиқ ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо иттиҳоми азхудкунии якуним миллион сомонӣ боздошт шуда, дар қиболи ӯ ва ду ҳамкораш парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми азхудкунии маблағҳои донишкада ифтитоҳ шудааст.

Душанбе, 26 дек — Sputnik. Ректори пешини Донишкада дар азхудкунии маблағ дар ҳаҷми 1,5 миллион сомонӣ гумонбар дониста мешавад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

"Файзалӣ Комилов, ректори собиқи Донишкада ҳамроҳ бо зердастораш Афранг Туйғунов ва Олимҷон Турсунов аз моҳи июли соли 2009 то моҳи декабри соли 2009 бе тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмӣ, аз хазинаи мазкур маблағи якуним миллион сомонӣ гирифта, ба манфиатҳои шахсии худ сарф кардаанд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Ба иттилои манбаъ, ӯ аз 6-уми марти соли 2008 то 11-уми майи соли 2012 дар вазифаи ректори Донишкадаи соҳибкорӣ кор карда, дар давраи иҷрои фаъолияти хизматиаш бо маслиҳати пешакӣ бо сардори шӯъбаи соҳибкорӣ ва таъминотии Донишкада Афранг Туйғунов ба тассаруфи амволи ғайр, ки дар ихтиёри онҳо буданд, машғул шудаанд.

"31-уми декабри соли 2009 ин нафарон бо мақсади пӯшонидани маблағҳои пули тассаруф намудаашон 270 000 сомонӣ, пули нақдии дар ихтиёраш доштаро гирифта, ба ҶСП ТАКХ "Вориси замон" супорида, аз ҷамъияти мазкур худи ҳамон рӯз  оид ба супоридани пули нақд ба маблағи як миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ гӯё аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба хазинаи ин ташкилот супорида шуда бошад, гирифтааст",-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ба иттилои Агентӣ, дар натиҷа маблағи пули нақдии 1 миллиону 500 ҳазор сомонии дар хазинаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат камомад ба вуҷуд омада, дар натиҷа кирдорҳои номбурдагон ба манфиати Донишкадаи зикргардида зарари молиявӣ ба микдори махсусан калон расонида шуд.. 

Нисбати ин ашхос бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 264 қисми 1, 2, (ғайриқонунӣ гирифтани кредит), 265, 314 қисми 3 ва 340 қисми 2 бандҳои «б, в»-и Қодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Барчаспҳо:
азхудкунии маблағ, бо иттиҳоми, боздошт, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Афранг Туйғунов, Олимҷон Турсунов, Файзалӣ Комилов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ