02:46 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Таҳқиқ

“Озодӣ”: боздошти як "террорист" бо шиносномаи тоҷикӣ дар Минск

Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
610

Як шаҳрванди 31-солаи Ӯзбакистон, ки ба терроризм айбдор мешуд, дар фурудгоҳи шаҳри Мински Белорус бо шиносномаи қалбакии шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудааст.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Як шаҳрванди Ӯзбакистон, ки мехост бо шиносномаи қалбакии шаҳрванди Ӯзбакистон ба ҳавйопаймои Минск- Истамбул савор шавад, рӯзи 29 декабр дар фурудгоҳи миллии "Минск"-и пойтахти Беларус дастгир шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Мақомоти Беларус мегӯянд, ин нафар ҳангоми сабти ном асноди шаҳрванди Тоҷикистонро нишон додааст, вале ҳангоми тафтиш маълум шуд, ки дар ин шиноснома аксашро иваз кардаанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи марзбонии Беларус мегӯяд, тафтишоти баъдӣ маълум кард, ки ин нафар 31 сол дошта, дар асл шаҳрванди Ӯзбакистон аст ва аз моҳи июни соли 2013 бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва терроризм таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Исми боздоштшуда ҳанӯз эълон нашудааст. Маълум нест, ки ӯ шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистонро кай, аз куҷо ва бо чӣ роҳе дастрас кардааст.

Мавзуъ

Боздошти як маргталаби 13-сола дар Кобул
Як тоҷики узви "Ал-Қоида" дар Қундуз боздошт шуд - ВАО
Барчаспҳо:
қалбакӣ, шиноснома, боздошт, фурудгоҳ, Истамбул, Беларус, Ӯзбакистон, Минск

Мавзӯъҳои асосӣ