17:33 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Военнослужащие Таджикистана. Архивное фото

Додситони Суғд дар соли гузашта чаҳор парвандаи "облава" боз кардааст

© Sputnik /
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Суҳроб Салимзода, муовини додситони ҳарбӣ дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи 8 – уми январ гуфтааст, ки ҳодисаҳои ҷалби ибҷории даъватшавандагон дар ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Исфара рух додаанд.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Бо иттиҳоми "ҷалби иҷборӣ"-и даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ ва бадрафторӣ бо онҳо алайҳи кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ дар соли 2014 дар Суғд аз ҷониби додситонӣ 4 парванда боз шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Суҳроб Салимзода, муовини додситони ҳарбӣ дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи 8 — уми январ гуфтааст, ки ҳодисаҳои ҷалби ибҷории даъватшавандагон дар ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Исфара рух додаанд.

"Алайҳи кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент: Икром Нодиров ва Уринбой Тошев барои даъвати иҷбории Саидалӣ Ҳақбердиев ва корманди дигари ҳамин комисариат Далер Мароватов, ки даъватшаванда — Собир Бобоҷоновро ба комиссариати ҳарбӣ бо роҳи иҷборӣ ҳозир кардаанд, мутобиқи банди 391-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — сӯиистифода ё баромадан аз ҳадди мансаби давлатӣ — парванда боз шудааст", — гуфтааст Салимзода.

Ду ҳодисаи дигари "облава"-и даъватшавандагон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исфара низ ошкор шуда, вале оғози парванда алайҳи ходимони комиссариатҳои ҳарбии муттаҳам бо татбиқи қонуни афв "бо асосҳои ғайри сафедкунанда" рад карда шудааст.

Ба иттилоъи додситонии ҳарбии вилояти Суғд, дар соли 2014 дар ин минтақа назар ба соли 2013 5 мавридии камтари ҷалби иҷбории ҷавонони даъватшаванда ба қайд гирифта шудааст. 

Вале соли  гузашта бо фарқ аз солҳои пешин "облава" — и ҷавонон ба сафи артиш хеле шадид ва бо лату кӯб сурат мегирифт ва зарбу лати як даъватшавандаву падари вай ва модари як даъватшавандаи дигар аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбӣ дар Панҷакент расонаӣ шуда, сару садоҳоеро байни сокинон ба бор овард.

Барчаспҳо:
ҷалби маҷбурӣ, "облава", парвандаи ҷиноятӣ, додситонии вилояти Суғд, Суҳроб Салимзода, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ