Бонки миллӣ даст доштанашро дар қазияи Занҷонӣ рад мекунад

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон бо пахши як баёния дар сомонаи расмиаш гуфт, иддаои Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи тоҷир ва сармоядори Эрон ягон асос надорад.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон иддаои узви Кумитаи тафтишоти парвандаи Бобаки Занҷониро беасос номид. Амир Аббос Султонӣ ахиран иддао карда буд, ки Занҷонӣ ба як муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон 3 миллион доллар ришва додааст, омадааст дар баёнияи БМТ.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо пахши як баёния иддаои Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи тоҷир ва сармоядори эронӣ Бобак Занҷониро, ки  гуё  Занҷонӣ ба мансабдорони Бонки миллии Тоҷикистон 3 миллион доллар пора додааст, рад кард. Сӯҳбатҳои Султонӣ дар бораи гӯё ба намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон пора додани Занҷониро ахиран нашрияҳои Тоҷикистон аз навиштаи Namehnews.ir — и Эрон бознашр карданд.

Узви Кумитаи тафтишоти парвандаи Бобак Занҷонӣ ба хабаргузории "НомаНюз"-и Эрон гуфт, ин тоҷири боздоштшуда барои гирифтани санади қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон ба ноиби раиси он 3 миллион доллар пора додааст. Занҷонӣ ба мақомоти Эрон санадеро пешниҳод кардааст, ки гӯиё ноиби директори Бонки миллии Тоҷикистон таъйид кардааст, ки ӯ пули нафтро ба Бонки марказии кишвар интиқол додааст.

"Порае аз мусоҳибаи Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи номбурда аз он дарак медиҳад, ки ин даъво тахайюлот ё пиндору фикри шахсии ӯ буда, асоси воқеӣ надорад. Қаблан низ дар мавриди ташрифи гурӯҳи махсуси Бонки марказии Эрон ба Тоҷикистон ва тасдиқи ин гурӯҳ оид ба иртибот надоштани Бонки миллии Тоҷикистон ба ин қазия дар воситаҳои ахбор вокуниши иловагӣ пахш шуда буд",- омадааст дар баёнияи бонки миллӣ.

Бобак Занҷонӣ, соҳибкор ва тоҷири эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ сармоягузории зиёд карда ва аз ҷумла терминали автобусҳои Душанберо бозсозӣ кардааст, 30-юми декабри соли 2013 аз ҷониби мақомоти қудратии Эрон боздошт шуд. Дар Эрон ӯро ба сирқати беш аз 2,5 миллиард евро пули фурӯши нафт айбдор мекунанд. Бархе мақомоти эронӣ иддао доранд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии исломӣ аз  ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Як муддат ҳатто гуфта мешуд, ки ин 2,5 миллиард евро маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0