Дархости рӯбарӯкунии Зайд Саид бо Убайдуллоев рад шуд

© SputnikСаҳифаи Зайд Саидов дар Facebook
Саҳифаи Зайд Саидов дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов мегӯяд, дар пайи посухи радди Оҷонсӣ онҳо бо чунин дархост ба Додситонии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд ва фелан интизори посуханд.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо як ҷумла дархости Зайд Саид, соҳикбори маҳкумшудаи тоҷикро барои рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми ҳукумат рад кардааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов, 9-уми январ гуфтааст, Оҷонсӣ бе шарҳи далелҳо бо як ҷумла навиштааст, "афроде, ки шумо барои шоҳидӣ ва рӯбарӯкунӣ бо онҳо дархост кардаед, ба парвандаҳои иқтисодии Зайд Саид ягон робита надоранд".

Вакили дифоъ афзуд, дар пайи посухи радди Оҷонсӣ онҳо бо чунин дархост ба Додситонии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд ва интизори посуханд.

Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик дар доираи парвандаҳои иқтисодияш қаблан хостори рӯбарӯкунӣ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Матлубхон Давлатов, собиқ раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва Давлаталӣ Саидов, ноиби нахуствазир шуда буд.

Дархости Зайд Саид барои рӯбарӯкунӣ бо Убайдуллоев

Исҳоқ Табаров ва зерҳимояаш баробари рӯбарӯкунӣ бо мақомдорони зикршуда, инчунин хостаанд, як қатор кормандони ширкати "Тоҷсохтмон-байналмилал" низ даъват шаванд.

Исҳоқ Табаров илова намудааст, ки феълан тафтишоти парвандаҳои иқтисодии зерҳимояаш комилан ба анҷом расида, эҳтимол аст барои тасдиқ ба Прокуратураи генералӣ ирсол гардида бошанд. Ба гуфтаи ӯ, баъди тасдиқи Додситонии генералӣ парвандаҳо ба Додгоҳи Олӣ ирсол мешаванд.

Ин вакили дифоъ илова намуд, ки то содир шудани ҳукми додгоҳ зерҳимояаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ, ё худ СИЗО нигоҳдорӣ мешавад.

Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0