16:55 20 феврали 2018
Пахши мустақим
На скамье подсудимых. Архивное фото

Ғоратгарони “Умед-88” ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд

© Sputnik / Евгений Биятов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Се нафар аз ҷумла Соҳибзода Сиёвуши 21-сола ба 15 соли зиндон, Мустафоқулов Баҳруллои 24-сола ба 17 сол ва Фарҳод Абдуллоев ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Сино афроди муттаҳам дар ҳамла ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Умед 88"-ро аз 15 то 18 сол равонаи зиндон намуд, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Ба иттилои манбаъ, се нафар аз ҷумла Соҳибзода Сиёвуши 21-сола ба 15 соли зиндон, Мустафоқулов Баҳруллои 24-сола ба 17 сол ва Фарҳод Абдуллоев ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан ба иттиҳоми ҳамла ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Умед-88" воқеъ дар кӯчаи Шестопалови Душанбе 5 нафарро боздошт намуда буд. Ба иттилои вазорат, ниқобпӯшҳо нисфишабии 16-уми октябри соли гузашта бо чӯбу таппончаю корд ба нуқтаи сӯзишворӣ ҳамла оварда буданд.

Ҳамлагарон кормандони нуқта — Дамир Каримов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Пирзода Кароматулло, сокини ноҳияи Ваҳдатро бо зарби корд захмӣ намуда, аз хазина беш аз 4 ҳазору 400 сомониро бо худ бурда буданд.

Вазорат ду рӯзи баъд аз ҳодиса аз боздошти муттаҳамон — Абдуллоев Фарҳод, Мустафоқулов Баҳрулло, Назаров Мурод, Сиёвуши Одилҷон сокинони ноҳияи Ҳисор ва Баҳодуров Эмомиддин — сокини шаҳри Душанбе хабар дода буд.

Барчаспҳо:
дуздӣ, маҳкум, зиндон, Суди ноҳияи Сино, "Умед-88", Фарҳод Абдуллоев, Мустафоқулов Баҳрулло, Соҳибзода Сиёвуш, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ