22:10 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Доллар. Акс аз бойгонӣ

Комиссари низомии ноҳияи Фирдавсӣ дар ришваситонӣ муттаҳам аст

© Sputnik / Владимир Трефилов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Комиссари низомӣ барои ироъаи дафтарчаи низомӣ тавассути миёнарав $2200 ришва талаб карда ва дар ниҳоят ҳарду боздошт шуданд.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Комиссари низомии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар чанд маврид ба ришваситони муттаҳам аст, хабар медиҳад маркази матбуотии Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон.

Мамашариф Розиқов, комиссари низомии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таввасути миёнарав Усмоналӣ Файзуллоев ришвагирӣ мекард.

"Дар моҳи январи соли ҷорӣ Розиқов тавассути шиносаш Файзуллоев, ки миёнарав буд, дар чанд маврид барои ироъаи дафтарчаи низомӣ ба шаҳрванд Нуров, $2,2 ришва гирифтаст", — омадааст дар хабари ин ниҳод.

Ришваи ситонидаро комиссари низомӣ ва миёнарав байни худ тақсим кардаанд. Ба ҳангоми боздошт аз онҳо 600 ва 500 доллари амрикоӣ ҳамчун далели шаъйӣ мусодира карда шуд.

Нисбати Розиқов ва Файзуллоев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи он идома дорад.

Барчаспҳо:
ришвагирӣ, Комиссариати низомии ноҳияи Фирдавсӣ, Ожонси мубориза бо фасод, Усмоналӣ Файзуллоев, Мамашариф Розиқов, ноҳияи Фирдавсӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ