06:23 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Боздошти гумонбар дар куштор. Акс аз бойгонӣ

Боздошти ду корманди милиса барои порагирӣ дар Душанбе

© Sputnik / Виталий Белоусов
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Рӯзи 22 январ ду муфаттиш – яке аз шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва дувумӣ аз раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир гардида ва алайҳи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ду афсари милиса дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми ришваситонӣ  ба маблағи беш аз 10 000 доллар муттаҳам мешаванд,  хабар медиҳад сомонаи Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон.

Гуфтанист, ин афсарон барои «ёрдам» ба ду гумонбар пул хостаанд. Рӯзи 22 январ ду муфаттиш — яке аз шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва дувумӣ аз раёсати умури дохилаи шаҳри Душанберо бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир гардида ва алайҳи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст. Дар хабари расмии нашршуда дар сомонаи Оҷонсии зидди фасод гуфта мешавад, ки боздошти ин ду афсари милиса бар асоси шикояти шаҳрванде бо номи М.Б.Абдураҳимов иттифоқ афтодааст. Ин нафар рӯзи 22 январ аз ришвахоҳии муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммад Ҳакимович Назриев ва муфаттиши раёсати корҳои дохилии Душанбе Дилшод Сафаралиевич Пирмаҳмадов ба Оҷонсӣ шикоят овардааст.  

"Назриев ва Пирмаҳмадов "аз рӯи маслиҳати пешакӣ аз мақоми хидматии худашон сӯиистифода намуда, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шиносаш Тағойназаров Рустам  10. 000 доллари амрикоӣ талаб намуда, аз ин маблағ 7200 долларро ба сифати пора гирифтааст. Аммо иштиҳо, тавре мегӯянд, дар вақти хӯрдан бештар кушода мешавад ва муфаттишони "корчаллон" "кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, бо маслиҳати пешакӣ ҳамчунин барои сабук намудани ҷазои ҷиноятӣ нисбати Саидов Х.Ҳ, аз ӯ маблағи 4.000 доллари амрикоӣ талаб намуда истодаанд",- омадааст дар хабари Оҷонсӣ.

Аммо рӯзи 22 январ Муҳаммад Назриев ҳангоми гирифтани пул аз ин корафтода дастгир шуд ва аз ӯ, бино ба гузориши сомонаи Оҷонсӣ, "далелҳои шайъӣ ёфта гирифта шуд".

Алайҳи Муҳаммад Назриев ва Дилшод Пирмаҳмадов ҳоло бар асоси 3 банди аввали қисми чоруми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ батакрор, аз сӯи гурӯҳи муташаккил ва бо маслиҳати пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ришваситонӣ, порагирӣ, боздошт, ВКД, Муҳаммад Назриев, Дилшод Пирмаҳмадов, ноҳияи Фирдавсӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ