Низомхон Ҷӯраевро Интерпол ҷустуҷӯ дорад

© Sputnik / Амир ИсаевАбдуфаттоҳ Ғойиб дар нишасти матбуотии Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод
Абдуфаттоҳ Ғойиб дар нишасти матбуотии Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Оҷонсӣ афзуд, баъди фирори Ҷӯраев дар ҳаққи ниҳоди зертобеяш низ интиқодҳо садо доданд.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфараро Интерпол ҷустуҷӯ дорад.

Раиси Оҷонсӣ афзуд, баъди фирори Ҷӯраев дар ҳаққи ниҳоди зертобеяш низ интиқодҳо садо доданд.

"Аммо Низомхон Ҷӯраев ҳабс набуд. Парвандааш як моҳ пеш аз фирораш ба Суд пешниҳод шуда буд. Мо ӯро ёфта, ба ӯ повесткаро додем. Вай вақте бо корманди суд ба пеши бинои Суди Олӣ меравад, аз ҳамон ҷо ғайб мезанад. Мо дигар ҳаққи ҳабси Низомхон Ҷӯраевро надоштем. Ӯ бо имзои санад ҳақ надошт аз ҷои иқомат берун шавад", — илова кард Абдуфаттоҳи Ғоиб.

Ба иттилои раиси ин ниҳод, феълан Ҷӯраев дар асоси маводи Суди Олӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

"Мо ҳаққи таҳияи маводи кофтукобиро ҳам надорем, чун парвандааш аллакай ба суд ирсол шуда буд. Бо вуҷуд ин мо ҳам дар канор нестем. Ӯ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад", — мегӯяд раиси Оҷонсӣ.

Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфара, миёнаи моҳи июни соли гузашта, ҳамон тавре ки аз Русия ба Душанбе омада буд, ба таври мармуз "ғайб зад". Ӯро, ки бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ муттаҳам медонанд, 18 августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯи пулиси Русия боздошт гардида буд. Додгоҳи олии Русия дар он замон ба қароре омада буд, ки ӯро ба ватанаш истирдод кунад. Вале дар пайи эътирозҳои шадиди ҳуқуқшиносон аз ин қарори худ даст кашид. Дар ибтидои соли 2012 Ҷӯраевро аз боздоштгоҳи Зеленогради Русия раҳо намуданд. Вале баъд аз чанд муддати беному нишон гардиданаш нохост дар Тоҷикистон аз худ дарак дод ва боз дар нимаи соли гузашта ба таври мармуз ғайб зад.

Рӯзи 30 июли соли гузашта Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон эълон кард, бар асоси иттилое, ки онҳо дар даст доранд, гӯиё Низомхон Ҷӯраев ба Қирғизистон фирор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0