Дар куштори Толмачев тоҷикон муттаҳам мешаванд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкАмалиёти боздошти аъзои "бандаи ГТА"
Амалиёти боздошти аъзои бандаи ГТА - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти рус, дар куштори Толмачев, ки 3-юми июни соли 2014 дар ғарби Маскав бо зарби 10 тир кушта шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти федеролии амнияти Русия аз боздошти муттаҳамон дар куштори Олег Толмачев, сардори хадамоти нозирони минтақавии ШКД-и ноҳияи Ново-Пределкино хабар доданд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Ба иттилои мақомоти рус, дар куштори Толмачев, ки 3-юми июни соли 2014 дар ғарби Маскав бо зарби 10 тир кушта шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд.

Яке аз муттаҳамон дар ин куштор Қодиров арзёбӣ мешавад, ки моҳи ноябри соли гузашта дар доираи амалиёт алайҳи "Бандаи ГТА" боздошт шуда буд, менависад оҷонсӣ.

"Ду дастандаркори дигари ин куштор бо дархости мақомоти рус дар Тоҷикистон боздошт шудаанд. Боздоштшудагон Каримов ва Ғуломов, шаҳрвандони Тоҷикистонанд", — омадааст дар хабари "Озодагон".

Олег Толмачев, бегоҳи 3-юми июн зимни бозгашт аз хонаи маъшуқааш ба хонаи худ бо 10 тир кушта шуда буд. Қотилон аз ҷои ҳодиса бо ду мошин фирор карданд ва қаблан мақомоти Русия соҳибони ин ду мошин, сокинони Калуга ва Тамбовро ба иттиҳоми ин куштор дар пайгарди қонунӣ эълон карда буданд.

Аммо феълан куштори ин маъмури пулис низ ба дӯши афроде вогузошта шудааст, ки дар узвият ба "Бандаи ГТА" муттаҳам мешаванд. Абдумуқим Мамадҷонов, яке аз шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки моҳи ноябри соли гузашта ба иттиҳоми узвият дар ин гуруҳ боздошт шуда буд. Ин гуруҳ дар қасди амалҳои террористӣ ва дастикам 14 куштор дар шоҳроҳи "Дон" муттаҳам мешуданд.

Мақомоти рус эълон карда буданд, ки аксари аъзои ин гурӯҳ зодагони Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қирғизистон буда, роҳбари аслии он ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0