ТаҳқиқГирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0
https://cdn1.img.sputnik.tj/i/logo-itemprop.png
Sputnik Тоҷикистон
https://cdn2.img.sputnik.tj/i/logo.png
Sputnik
https://cdn2.img.sputnik.tj/i/logo.png
https://sputnik-tj.com/investigation/20150211/1014333566.html
Аснои як амалиёти вижа дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон, кормандони пулис аз манзили ду сокини ин минтақа беш аз 50 килограмм маводи мухаддир кашфу мусодира кардаанд.
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи нашъадор ду сокини ноҳияи Рӯшон боздошт шудаанд, иттилоъ медиҳад сойти ВКД ҶТ.
Ҳангоми кофтукоби манзили истиқоматии Манучеҳр Фироғатови 32-сола ва Ифтихор Таваллоеви 44-сола кормандони пулис мутаносибан 54 кило ва 40 грамм ҳашиш дарёфт кардаанд.
Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.