18:38 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Ҳафтаномаи Нигоҳ

Як соҳибкор нашрияи “Нигоҳ”-ро ба додгоҳ кашид

© Sputnik Амир Исаев
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Музафарова аз додгоҳ хостааст, аз ин нашрия ба фоидаи ӯ 32 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнад.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Наргис Музафарова, соҳибкор ва молики мағозаи "Элита" ҳафтаномаи "Нигоҳ"-ро дар паст задани шаъну шарафаш муттаҳам карда, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурдааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Музафарова аз додгоҳ хостааст, аз ин нашрия ба фоидаи ӯ 32 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнад.

Ин соҳибкор дар аризаи даъвогияш ба додгоҳ иддао кардааст, ки "Нигоҳ" 5 ноябри соли 2014 бо нашри мақолаи "Музаффарова кист ва чаро силсилаи авбошиҳои ӯ беҷавоб мемонанд?" дар ҳаққи вай "суханҳои туҳматомезро чоп кардааст". Музаффарова мегӯяд, на силсилаи авбошиҳо, балки дар як ҳолати авбошӣ муттаҳам шудааст, ки он ҳам бо татбиқи қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод гардидааст.

"Дар мақола сурати ман ба таври хира чоп шудааст, ки дар он шинохтани шахс номумкин аст. Илова ба ин насаби ман нодуруст, яъне "Музафарова" нею "Музаффарова" чоп карда шудааст. Чунин вайронкориҳои муаллиф ва худи ҳафтанома низ ба обрӯи ман зарари худро расонданд, зеро дар натиҷа ман мисли шахси бадкор ва кирдорҳои ман бадвоҳима пешкаши мардум шудаанд", — зикр шудааст дар ариза.

Ин соҳибкор инчунин илова намудааст, барои шишаҳои сиёҳи ғайриқонунии мошинаш, на маблағи ночиз, балки 8800 сомонӣ ҷарима супоридааст ва дар мақомот низ ҳеч "пуштибоне" надора, зеро муддати 6 шабонарӯз дар боздоштгоҳои муваққатӣ нигоҳдорӣ шудааст.

"Ин ҳолат худ шаҳодати он аст, ки маро ягон кас пуштибонӣ накардааст ва баръакс маҳз бе пуштибон будани ман боиси боздоштам дар муддати дурудароз шуд", — гуфтааст Музафарова.

Вай бо зикри он, ки "Нигоҳ" мактуби ҷавобияшро нашр накард, аз додгоҳ талаб намудааст, арзиши якмоҳаи "Нигоҳ", ки ба ҳисоби худаш 32 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ ба фоидаи ӯ рӯёнда шавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи нашри мақолаи "Нигоҳ" Вазорати умури дохилии Тоҷикистон (ВУД) бо пахши як иттилоия гуфт, Наргис Музафарова, як соҳибкорзани Душанбе дар ин ниҳод, аз ҷумла Воҳиди махсуси он пуштибоне надорад ва ҳамаи қонуншиканиҳояш тибқи қонун тафтиш шудаанд.

Ба иттилои нашрия, Музафарова, молики фурӯшгоҳи "Элита" дар маркази Душанбе, савори мошин "БМВ Х6" дар бисёри ҳолатҳо худсарию қонуншиканӣ карда, бемуҷозот мондааст. Дар матлаб аз қавли ҷабрдидаю шоҳидон оварда шудааст, ки Музафарова писари ноболиғи Шуҳрат Абдуҳомидов, корманди мағозаи "For Men"-и маркази Душанберо барои он ки падараш мошини худро дар назди мағозаи Элита мондааст, латту кӯб намуда, ба рӯи Абдуҳомидов, ки ба кӯмаки писараш шитофтааст, туф ва баъдан чандин дашноми қабеҳ додааст. Инчунин нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ, зӯроварӣ нисбат ба пулис зикр шуда, таъкид гардидааст, эҳтимол ба далели пуштибон дар мақомот беҷазо мемонад.

Барчаспҳо:
туҳмат, талаб, 32 ҳазор сомонӣ, ҷуброн, соҳибкор, мағоза, даъво, бадрафторӣ, нашрия, зарари маънавӣ, "Элита", "Нигоҳ", Наргис Музафарова, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ