10:37 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ

Дар Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши нашъа ошкор гардид

© Sputnik / Олег Золото
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Давоми ду моҳи ахир даҳҳо "фурӯшгоҳ"-и маводи мухаддирро дар Кӯлоб кашф кардаанд. Ин "дӯкон"-ҳои фурӯши маводи мухаддир дар минтақа дар ҳоле кашф шуданд, ки ба гуфтаи мақомот, аллакай садҳо ҷавони маҳаллиро мӯътод кардаанд.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Тайи 2 моҳи охир дар шаҳри Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши маводи мухаддир ошкор ва соҳибонашон дастгир шудаанд, менависад сомонаи радиои Озодӣ.

Манбаъ меафзояд, дар пайи як амалёти вижа, ки ба гуфтаи мақомот ва сокинон, собиқа надошт,  кормандони умури дохилаи шаҳри Кӯлоб 64 "фурӯшгоҳ"-и маводи мухаддир ва 44 нафар аз фурӯшандагону истеъмолгарони онро боздошт кардаанд.

"Дар дасти мо омори нашъамандон ва нашъафурӯшони ҳар ноҳия мавҷуд аст. Ин бештар дар Кӯлоб ба назар мерасад. Дар худи Кӯлоб то нимаи моҳи декабр 473 нафар мӯътод ба қайд гирифта шуда буд. Ба мисоли дигар Восеъ 57, Ҳамадонӣ 27 нафар, Темурмалик 12 нафар шумурда шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар вилояти Хатлон 1309 нашъаманд таҳти назорати мақомотҳои интизомӣ қарор доранд",- гуфт Маъруф Саъдулоев, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир дар минтақаи Кӯлоб.

Ба қавли ӯ, теъдоди мӯътодони маводи мухаддир дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои ин минтақа бештар аст ва ин бо он рабт дорад, ки чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла Ҳамадонӣ, Фархор ва Шӯрообод бо Афғонистон марзи мустақим доранд.  

Мавзуъ

Боздошти ду нафар дар Рӯшон бо 54 кг нашъа
Мусодираи 12 кило нашъа дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон
Тоҷикистону Чин аснои амалиёт беш аз 180 кг нашъа мусодира карданд
Барчаспҳо:
нуқтаи фурӯши нашъа, нашъа, маводи мухаддир, Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир дар минтақаи Кӯлоб, Маъруф Саъдуллоев, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ